https://sputnik.tj/20210811/pentagon-tolibon-90-ruz-kobul-ishghol-1041589611.html
Пентагон: Толибон* қодиранд давоми 90 рӯз Кобулро ишғол кунанд
Пентагон: Толибон* қодиранд давоми 90 рӯз Кобулро ишғол кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, Толибон* метавонанд, давоми як ё се моҳ қудратро дар Кобул ба даст гиранд, агар хоҳанд
2021-08-11T12:23+0500
2021-08-11T12:23+0500
2021-08-11T13:17+0500
афғонистон
ҷанг
мазори шариф
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102562/36/1025623636_0:78:1500:922_1920x0_80_0_0_7643a7268be4e224a8130229c3baa4b5.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Амрико бовар дорад, ки вазъ дар Афғонистон босуръат бад мешавад ва намояндагони ҷунбиши радикалии Толибон* метавонанд дар як ё се моҳ пойтахтро ишғол кунанд, дар ин бора The Washington Post бо такя ба манобеи низомияш менависад."Ҳама чиз ба самти нодуруст меравад" гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони рӯзнома.Як манбаи дигар мегӯяд, ки воқеияти Пентагон ҳоло ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар ояндаи наздик барои хуруҷи дипломатҳои амрикоӣ ва ҳайати дигар аз пойтахти Афғонистон омодагӣ гирад. Зеро баъзе сенарияҳои низомии ИМА оид ба таҳияи рӯйдодҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон дар ояндаи наздик дар 30-90 рӯзи наздик сурат мегирад.Қарор аст, охирин сарбозони амрикоӣ рӯзи 31 август Афғонистонро тарк кунанд ва ба ҷанги 20-солаи таҳти раҳбарии ИМА хотима бахшанд.Ҳоли Толибон* қисматҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд ва рӯзи сешанбе марказҳои ду вилояти дигарро дар ғарб ва шимоли ин кишвар ишғол карданд.Нирӯҳои Толибон* дар ҳоли ҳозир аз 34 музофоти 9 - тои онро дар Афғонистонро назорат мекунанд, ки шаштои онҳо дар шимол ҳастанд ва ҷангҳо дар се маркази дигар идома доранд.Ин гурӯҳ ҳамчунин ҷангҳо болои Мазори Шариф, бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистонро тақвият ёфтааст ва агар ин шаҳрро, ки бо мухолифони худ бо Толибон* маъруф аст, суқут кунад, ҳукумати Кобул назорати тамоми минтақаи шимолро аз даст медиҳад.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210811/idoma-jang-shimol-safar-ghani-mazori-sharif-1041585564.html
https://sputnik.tj/20210811/tolibon-zabti-shimolu-sharqi-badahshon-1041586639.html
афғонистон
мазори шариф
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102562/36/1025623636_84:0:1417:1000_1920x0_80_0_0_89a798fc9e876dd4aa7506eca2456a3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пентагон, толибон, кобул, ишғол,
пентагон, толибон, кобул, ишғол,
Пентагон: Толибон* қодиранд давоми 90 рӯз Кобулро ишғол кунанд
12:23 11.08.2021 (Навсозишуда: 13:17 11.08.2021) Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, Толибон* метавонанд, давоми як ё се моҳ қудратро дар Кобул ба даст гиранд, агар хоҳанд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Амрико бовар дорад, ки вазъ дар Афғонистон босуръат бад мешавад ва намояндагони ҷунбиши радикалии Толибон* метавонанд дар як ё се моҳ пойтахтро ишғол кунанд, дар ин бора The Washington Post бо такя ба манобеи низомияш менависад.
"Ҳама чиз ба самти нодуруст меравад" гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони рӯзнома.
Як манбаи дигар мегӯяд, ки воқеияти Пентагон ҳоло ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар ояндаи наздик барои хуруҷи дипломатҳои амрикоӣ ва ҳайати дигар аз пойтахти Афғонистон омодагӣ гирад.
Зеро баъзе сенарияҳои низомии ИМА оид ба таҳияи рӯйдодҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ишғоли Кобул аз ҷониби Толибон дар ояндаи наздик дар 30-90 рӯзи наздик сурат мегирад.
Қарор аст, охирин сарбозони амрикоӣ рӯзи 31 август Афғонистонро тарк кунанд ва ба ҷанги 20-солаи таҳти раҳбарии ИМА хотима бахшанд.
Ҳоли Толибон* қисматҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд ва рӯзи сешанбе марказҳои ду вилояти дигарро дар ғарб ва шимоли ин кишвар ишғол карданд.
Нирӯҳои Толибон* дар ҳоли ҳозир аз 34 музофоти 9 - тои онро дар Афғонистонро назорат мекунанд, ки шаштои онҳо дар шимол ҳастанд ва ҷангҳо дар се маркази дигар идома доранд.
Ин гурӯҳ ҳамчунин ҷангҳо болои Мазори Шариф, бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистонро тақвият ёфтааст ва агар ин шаҳрро, ки бо мухолифони худ бо Толибон* маъруф аст, суқут кунад, ҳукумати Кобул назорати тамоми минтақаи шимолро аз даст медиҳад.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.