https://sputnik.tj/20210811/masuniyat-ommavi-covid-imkonnopazir-1041589156.html
Пайдо шудани масунияти оммавӣ аз COVID имконнопазир аст
Пайдо шудани масунияти оммавӣ аз COVID имконнопазир аст
Sputnik Тоҷикистон
Таҳиягари асосии ваксини "AstraZeneca" бар ин бовар аст, ки вирус штамми наверо ба вуҷуд меорад ва он бештар миёни нафарони ваксингирифта паҳн мешавад 11.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-11T11:45+0500
2021-08-11T11:45+0500
2021-08-11T12:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
вируси нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/89/1030868958_0:0:1446:813_1920x0_80_0_0_132bab4e426e2df67bcbc63b2634a3e7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Пайдо шудани масунияти оммавӣ бо паҳншавии навъи нави "делта" ғайриимкон аст, менависад РИА Новости аз қавли Эндрю Поллард, роҳбари ваксинаҳои Оксфорд ва сармутахассиси AstraZeneca.Назари Поллардро нашрияи Politico нашр намудааст. Профессор қайд кард, ки эмкунии 95 фоизи аҳолӣ бар зидди сурхак метавонад паҳншавии онро боздорад, аммо вазъ бо коронавирус куллан фарқ мекунад.Қаблан Агентии дорувории Аврупо ва Маркази Аврупо оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо гуфта буданд, ки ваксинаҳои аз ҷониби ИА тасдиқшудаи коронавирус аз навъи "делта" муҳофизат мекунанд.Шӯрои тадқиқоти тиббии Ҳиндустон инчунин самаранокии ҳама ваксинаҳои коронавирусро, ки дар Ҳиндустон бар зидди штамми коронавируси делта истифода мешаванд, тасдиқ кард, аз ҷумла ваксини сохти Русия, "Спутник V" - ро ҳам.Дар моҳи июл Сергей Нетесов, вирусолог, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, мудири лабораторияи бионанотехнология, микробиология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии Новосибирск дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" гуфт, ки барои ба даст овардани масунияти оммавӣ зидди штамми "делта", бояд беш аз 80 фоизи аҳолӣ эм карда шаванд. Шиддати "делта" ахиран дар бисёр кишварҳо пайдо шудааст ва ба гуфтаи табибони Ҳинд, сабаби асосии мавҷи дуввуми коронавирус дар Ҳиндустон гардидааст.
https://sputnik.tj/20210810/zamon-mavj-nav-covid-rusiya-1041579768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/89/1030868958_0:0:1368:1026_1920x0_80_0_0_6af58fe138c148c80186de207088cee3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, вируси нав
дар ҷаҳон, тандурустӣ, вируси нав
Пайдо шудани масунияти оммавӣ аз COVID имконнопазир аст
11:45 11.08.2021 (Навсозишуда: 12:01 11.08.2021) Таҳиягари асосии ваксини "AstraZeneca" бар ин бовар аст, ки вирус штамми наверо ба вуҷуд меорад ва он бештар миёни нафарони ваксингирифта паҳн мешавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Пайдо шудани масунияти оммавӣ бо паҳншавии навъи нави "делта" ғайриимкон аст, менависад РИА Новости аз қавли Эндрю Поллард, роҳбари ваксинаҳои Оксфорд ва сармутахассиси AstraZeneca.
Назари Поллардро нашрияи Politico нашр намудааст. Профессор қайд кард, ки эмкунии 95 фоизи аҳолӣ бар зидди сурхак метавонад паҳншавии онро боздорад, аммо вазъ бо коронавирус куллан фарқ мекунад.
"Мо дар чунин шиддати кунунӣ қарор дорем ("делта "- Таҳр.), ки дар он иммунитети гурӯҳӣ пайдо шудан ғайриимкон аст, зеро ин навъ бештар одамони ваксингирифтаро олуда мекунад", - гуфтааст Поллард.
Қаблан Агентии дорувории Аврупо ва Маркази Аврупо оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо гуфта буданд, ки ваксинаҳои аз ҷониби ИА тасдиқшудаи коронавирус аз навъи "делта" муҳофизат мекунанд.
Шӯрои тадқиқоти тиббии Ҳиндустон инчунин самаранокии ҳама ваксинаҳои коронавирусро, ки дар Ҳиндустон бар зидди штамми коронавируси делта истифода мешаванд, тасдиқ кард, аз ҷумла ваксини сохти Русия, "Спутник V" - ро ҳам.
Дар моҳи июл Сергей Нетесов, вирусолог, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, мудири лабораторияи бионанотехнология, микробиология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии Новосибирск дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" гуфт, ки барои ба даст овардани масунияти оммавӣ зидди штамми "делта", бояд беш аз 80 фоизи аҳолӣ эм карда шаванд.
Шиддати "делта" ахиран дар бисёр кишварҳо пайдо шудааст ва ба гуфтаи табибони Ҳинд, сабаби асосии мавҷи дуввуми коронавирус дар Ҳиндустон гардидааст.