https://sputnik.tj/20210811/sarboz-amniyati-muzofot-kunduz-taslim-tolibon-1041597297.html
Садҳо сарбози нерӯҳои амниятӣ дар музофоти Кундуз таслими Толибон* шудаанд
Садҳо сарбози нерӯҳои амниятӣ дар музофоти Кундуз таслими Толибон* шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Тасарруфи Кундуз аз сӯи Толибон* метавонад маънои гардиши куллиро дар вазъи Афғонистон дошта бошад
2021-08-11T17:15+0500
2021-08-11T17:15+0500
2021-08-11T17:15+0500
амният ва мудофиа
мубориза
осиёи марказӣ
кундуз
тамрин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102192/84/1021928401_0:14:3073:1743_1920x0_80_0_0_af92e738917064dd67c56899fafc2a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Садҳо корманди мақомоти амниятии Афғонистон дар ҳудуди шаҳри Кундуз дар наздикии марз бо Тоҷикистон таслими ҳаракати Толибон* шудаанд, хабар дод ожонси Agence France-Presse.Вазъи низомӣ – сиёсӣ дар Афғонистон моҳи июни соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд, дар баробари ҷангиён истодагарӣ намоянд, аммо бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 200 волусволӣ аз 398 ба зери назорати Толибон* гузаштаанд.Даргириҳои шаддид дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифтанд.Ҷангиёни созмони мамнӯъ дар бораи забти ҳадди ақал 8 маркази маъмурии музофотҳо аз маҷмӯи 34 адад хабар доданд. Дар ин миён аз шаҳри Кундуз низ ном бурда мешавад, ки дар 60 километрии марзи Тоҷикистон ҷойгир мебошад.Ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, тасарруфи Кундуз аз сӯи Толибон* метавонад маънои гардиши куллиро дар вазъи Афғонистон дошта бошад. Дар зимн Кобули расмӣ иттилоъ дар мавриди аз даст додани идораи Кундузро рад мекунад.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210811/marshal-dustum-tolibon-shimol-firor-1041592228.html
кундуз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102192/84/1021928401_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7549820b96a9ca6b2f834707e08ab0da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кундуз, афғонистон, толибон, тасарруф
кундуз, афғонистон, толибон, тасарруф
Садҳо сарбози нерӯҳои амниятӣ дар музофоти Кундуз таслими Толибон* шудаанд
Тасарруфи Кундуз аз сӯи Толибон* метавонад маънои гардиши куллиро дар вазъи Афғонистон дошта бошад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Садҳо корманди мақомоти амниятии Афғонистон дар ҳудуди шаҳри Кундуз дар наздикии марз бо Тоҷикистон таслими ҳаракати Толибон* шудаанд, хабар дод ожонси Agence France-Presse.
"Садҳо низомӣ, пулис, аъзои нерӯҳои муқовимат, ки дар наздикии фурудгоҳ ҷойгир буданд, бо тамоми муҳимоташон таслими Толибон* шуданд”, - иттилоъ дод узви Шӯрои музофоти Кундуз, Амриддин Валӣ.
Вазъи низомӣ – сиёсӣ дар Афғонистон моҳи июни соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.
Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд, дар баробари ҷангиён истодагарӣ намоянд, аммо бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 200 волусволӣ аз 398 ба зери назорати Толибон* гузаштаанд.
Даргириҳои шаддид дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифтанд.
Ҷангиёни созмони мамнӯъ дар бораи забти ҳадди ақал 8 маркази маъмурии музофотҳо аз маҷмӯи 34 адад хабар доданд. Дар ин миён аз шаҳри Кундуз низ ном бурда мешавад, ки дар 60 километрии марзи Тоҷикистон ҷойгир мебошад.
Ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, тасарруфи Кундуз аз сӯи Толибон* метавонад маънои гардиши куллиро дар вазъи Афғонистон дошта бошад. Дар зимн Кобули расмӣ иттилоъ дар мавриди аз даст додани идораи Кундузро рад мекунад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар