Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сабаби истеъфо ва тарки кишвар кардани вазири молияи Афғонистон маълум шуд

© AFP 2023 / BRENDAN SMIALOWSKIИсполняющий обязанности министра финансов Афганистана Халид Паинда
Исполняющий обязанности министра финансов Афганистана Халид Паинда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Вазири молияи Афғонистон Холид Поянда бинобар забти нуқтаҳои гумрукӣ аз ҷониби Толибон* аз мақомаш истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи вазири молияи Афғонистон Холид Поянда аз мақомаш истеъфо дода, кишварро тарк кардааст, хабар медиҳад оҷонсии Bloomberg бо такя ба намояндаи Вазорати молияи Афғонистон.
Чунин тасмимро сиёсатмадор пас аз он гирифт, ки ҷангҷӯёни Толибон*, постҳои асосии гумрукиро ишғол карданд.

"Поянда истеъфо дод ва кишварро тарк кард, зеро Афғонистон пас аз забти ин постҳои гумрукӣ даромадашро аз даст дод", - гуфт сухангӯи ин идора.

Дар қатори дигар сабабҳо, ӯ "бад шудани вазъи амниятӣ" ва зарурати сафар ба хориҷа барои дубора васл шудан бо ҳамсари беморашро зикр кард.
Дар бораи он, ки Поянда ба кадом кишвар сафар кардааст, маълумот дода нашудааст.
Маршал Абдул Рашид Дустум, лидер Исламского движения Афганистана, сегодня вернулся в страну - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маршал Дӯстум: Толибон* ин дафъа наметавонанд аз Шимол фирор кунанд - видео
Вазоратро муваққатан муовини вазир оид ба масъалаҳои гумрук ва даромад роҳбарӣ мекунад.
Bloomberg қайд мекунад, ки дар натиҷаи тасарруфи постҳои асосии гумрукӣ, ҳукумати Афғонистон танҳо дар моҳи июл тақрибан 30 миллион доллар боҷи воридотиро аз даст додааст.
Такзиби таваққуфи тиҷорат миёни Эрону Афғонистон
Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Афғонистон дар як моҳ тақрибан 34 миллион доллар зиён дидаанд. Сабаби чунин талафоти бузург аз ҷониби Толибон* забт шудани нуқтаҳои савдо буд.
Ҳоло маблағ барои убури нуқтаҳои тиҷоратиро Толибон* ҷамъ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0