https://sputnik.tj/20210811/tolibon-zabti-shimolu-sharqi-badahshon-1041586639.html
Толибон* аз забти маркази Бадахшон хабар доданд
Толибон* аз забти маркази Бадахшон хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангҷӯёни Толиб* иддао доранд, ки вилояти шимолу шарқии Бадахшони Афғонистонро таҳти назорат доранд
2021-08-11T11:17+0500
2021-08-11T11:17+0500
2021-08-11T11:22+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
бадахшон
забт кард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402958_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_b3b9f554c8dbe6d7e566fc1f1c130f6b.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Толибон* гуфтанд, ки вилояти Бадахшонро ишғол кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости.Намояндаи Толибон* мегӯяд, пойтахти ин вилоят шаҳри Файзободро таҳти назорат гирифтаанд. Дар ин хабарнома қайд мешавад, ки Толибон* маъмурияти шаҳр, ситоди пулис, агентии истихбороти маҳаллӣ ва дигар муассисаҳоро забт кардаанд. Оҷонсии маҳаллии Pajhwok бо истинод ба як манбаъи худ хабар дод, ки ҷангҷӯён қариб ҳамаи манотиқи вилояти Бадахшон, аз ҷумла пойтахти онро таҳти назорат гирифтанд ва нерӯҳои амниятии ҳукумат ақибнишинӣ кардаанд. Як вакили парлумони маҳаллӣ ба хабаргузории Франс Пресс тасарруфи шаҳрро аз ҷониби ҷангиён, тасдиқ кард.Пештар хабар расид, ки чанд пойтахти вилоёти Афғонистон таҳти назорати ҷангиён гузаштанд. Тарасов: дар Афғонистон ҳамаи нишонаҳои ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд дорандБа гуфти Толибон*, ин нӯҳумин маркази вилоят аст, ки тайи се рӯзи охир таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз кишварҳои СААД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гиранд.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо
https://sputnik.tj/20210811/shoygu-spad-hujum-jangiyon-afghoniston-1041584935.html
афғонистон
бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041402958_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6cc66bf94c998993b868619a7b8588cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон*, маркази бадахшон, забт,
толибон*, маркази бадахшон, забт,
Толибон* аз забти маркази Бадахшон хабар доданд
11:17 11.08.2021 (Навсозишуда: 11:22 11.08.2021) Ҷангҷӯёни Толиб* иддао доранд, ки манотиқи шимолу шарқии Бадахшони Афғонистонро таҳти назорат доранд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Толибон* гуфтанд, ки вилояти Бадахшонро ишғол кардаанд, хабар медиҳад
РИА Новости.
Намояндаи Толибон* мегӯяд, пойтахти ин вилоят шаҳри Файзободро таҳти назорат гирифтаанд.
Дар ин хабарнома қайд мешавад, ки Толибон* маъмурияти шаҳр, ситоди пулис, агентии истихбороти маҳаллӣ ва дигар муассисаҳоро забт кардаанд.
Оҷонсии маҳаллии Pajhwok бо истинод ба як манбаъи худ хабар дод, ки ҷангҷӯён қариб ҳамаи манотиқи вилояти Бадахшон, аз ҷумла пойтахти онро таҳти назорат гирифтанд ва нерӯҳои амниятии ҳукумат ақибнишинӣ кардаанд.
Як вакили парлумони маҳаллӣ ба хабаргузории Франс Пресс тасарруфи шаҳрро аз ҷониби ҷангиён, тасдиқ кард.
"Шаби гузашта нерӯҳои амниятӣ, ки бо Толибон* меҷангиданд, ба муноқишаи шадид дучор шуданд. Толибон* шаҳрро ишғол карданд. Ҳарду ҷониб талафоти зиёд доранд", - гуфт ӯ.
Пештар хабар расид, ки чанд пойтахти вилоёти Афғонистон таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ба гуфти Толибон*, ин нӯҳумин маркази вилоят аст, ки тайи се рӯзи охир таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия аз кишварҳои СААД даъват кард, ки ба ҳуҷуми ҷангиён аз Афғонистон омодагӣ гиранд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо