Парванда алайҳи ҷавонзану марди 40-сола: миллионҳо пулро гирифта, бозпас надодаанд

© Стас ЭтвешДеньги в кейсе, архивное фото
Деньги в кейсе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғози парванда алайҳи зани 25-сола ва марди 40-сола хабар додааст, ки дар бозпас надодани миллионҳо маблағи шаҳрвандон айбдор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур мардони 46 ва 35-сола аз шаҳрҳои Бохтару Ҳисор муроҷиат намуда, аз қаллобии як мард шикоят кардаанд, иттилоъ додаст ВУД.
Муроҷиаткунандагон арз доштаанд, ки моҳи марти соли 2020 дар кӯчаи Айнии пойтахт марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ба бовариашон даромада, аз онҳо барои равнақ додани тиҷораташ 1 милиону 273 ҳазору 380 сомонӣ гирифтааст. Онҳо таъкид кардаанд, ки марди тоҷир ваъда додааст, ки баъд аз 1 сол маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол пулро надодаст, афзуд манбаъ.
Инчунин ба мақомоти милиса ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат алайҳи сокини 25-солаи ноҳияи Варзоб муроҷиат кардааст.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш
Ҷавон арз доштааст, ки тайи солҳои 2020-2021, ҷавонзан дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд лаҳза аз ӯ 1 миллиону 250 ҳазор рубли русиро гирифтааст. Қарзгиранда ваъда додааст, ки хонаашро фурӯхта маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол ин ваъдаашро иҷро накардааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи муттаҳамон барои қаллобӣ дар ҳаҷми бузург парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0