https://sputnik.tj/20210804/rahimzoda-qalloboni-garonfurush-1041395589.html
Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш
Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 159 ҳолати қаллобии вобаста ба чиптафурӯширо баррасӣ дорад
2021-08-04T13:00+0500
2021-08-04T13:00+0500
2021-08-04T13:12+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
парвандаи ҷиноӣ
қаллобӣ
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_0:0:3352:1887_1920x0_80_0_0_071e30471bab57e789d8627a2f7975b0.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикисон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар давоми шаш моҳ аз рӯи қаллобӣ 15 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.Бино ба иттилои вазири корҳои дохилӣ, ҳамчунин 4 мардумфиреби дигар дар ковтуков қарор доранд ва нисбати як кормандони ширкати ҳавоӣ низ тафтишот идома дорад.Генерал Раҳимзода чиптафурӯшии ғайриқонуниро боиси ташвиш хонд ва аз мардум даъват кард, ки аз кассаҳои расмии чиптафурӯшӣ билет бихаранд ва бо ВКД дар ин самт ҳамкорӣ кунанд."Боиси ташвиш аст, ки мардум ба кассаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат накарда аз дасти онҳое, ки дар қади кӯча мехоҳанд фанду фиреб кунанд,чипта мехаранд. Маълум аст, ки ин нафарон фиребгаранд ва аз дасти онҳо харидани чипта лозим нест, баръакс ба мақомот хабар бояд диҳанд, то дастгир шаванд", - таъкид кард генерал Раҳимзода.Пештар хабар дода шуд, ки як корманди фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ - фурӯши ғайриқонунии чиптаҳои самти Душанбе-Маскав боздошт шудааст.
https://sputnik.tj/20210601/bozdoshti-chiptafurush-qallob-hatlon-1039894360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_338:0:3069:2048_1920x0_80_0_0_3bff555fd5748df34ab46c36d6eb7284.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, тоҷикистон, 15 парвандаи ҷиноятӣ
вкд, тоҷикистон, 15 парвандаи ҷиноятӣ
Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш
13:00 04.08.2021 (Навсозишуда: 13:12 04.08.2021) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 159 ҳолати қаллобии вобаста ба чиптафурӯширо баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикисон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар давоми шаш моҳ аз рӯи қаллобӣ 15 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
"Дар ҳақиқат мо дар давоми шаш моҳ 15 парвандаи ҷиноятӣ бо 159 ҳолат боз кардем, нисбати 20 қаллобони чиптафурӯш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, 7 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст", - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Бино ба иттилои вазири корҳои дохилӣ, ҳамчунин 4 мардумфиреби дигар дар ковтуков қарор доранд ва нисбати як кормандони ширкати ҳавоӣ низ тафтишот идома дорад.
"Аз кормандони ширкат ҳам як нафар дар ин ҷиноят даст дорад ва тафтишот нисбати ӯ идома дорад", - гуфт вазир.
Генерал Раҳимзода чиптафурӯшии ғайриқонуниро боиси ташвиш хонд ва аз мардум даъват кард, ки аз кассаҳои расмии чиптафурӯшӣ билет бихаранд ва бо ВКД дар ин самт ҳамкорӣ кунанд.
"Боиси ташвиш аст, ки мардум ба кассаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат накарда аз дасти онҳое, ки дар қади кӯча мехоҳанд фанду фиреб кунанд,чипта мехаранд. Маълум аст, ки ин нафарон фиребгаранд ва аз дасти онҳо харидани чипта лозим нест, баръакс ба мақомот хабар бояд диҳанд, то дастгир шаванд", - таъкид кард генерал Раҳимзода.
Пештар хабар дода шуд, ки як корманди фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ - фурӯши ғайриқонунии чиптаҳои самти Душанбе-Маскав боздошт шудааст.