Муҳриддин ба сафири Британия изҳори миннатдорӣ кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Ваколати сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба итмом расид. Аз ин рӯ, ӯро вазири умури хориҷаи кишвар пазируфт ва барои ҳамкориҳои хубу судманд миннатдорӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Подшоҳи Британияи Кабир мулоқот доир намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ваколати Мэтю Лоусон сафири Британия дар Тоҷикистон ҳамакнун ба итмом расид ва вазири тоҷик низ ба ин хотир намояндаи он кишварро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро баҳри таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд
Зимнан, дар фарҷоми суҳбат вазири тоҷи ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳори сипос намуд. Сироҷиддин Муҳриддин ба ҷаноби сафир комёбиҳо таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0