https://sputnik.tj/20210811/zhirinovskiy-peshnihod-safir-qirghiziston-bozhlond-robitaho-qat-1041595314.html
Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд
Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳизби либерал-демократии Русия дар робита ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон эълон кардааст, ки бояд фавран сафири Русия бозхонд шаваду тамоми робитаҳо бо ин кишвар қатъ гарданд
2021-08-11T15:50+0500
2021-08-11T15:50+0500
2021-08-11T15:50+0500
қирғизистон
сафир
владимир жириновский
равобит
бозхонд
пешниҳод
қатъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_0:9:1735:985_1920x0_80_0_0_535ff4c3927656d4b3187ec236b2c138.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ахиран пешниҳод кардааст, ки сафири Русия аз Қирғизистон бояд фавран бозхонд шавад.Сиёсатмадори рус инро ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабт додааст.Ёдрас мешавем, ки ахиран як муштарии маркази дилхушии MagicCity дар Қирғизистон аз ходими русзабони марказ талаб кард, ки бо забони қирғизӣ суҳбат кунад ва ҳисобкунакро ба тарафи ходими русзабон андохт.Жириновский пешниҳод доштааст, ки бояд пушти дари сафорати Қирғизистон дар Русия гирдиҳамоӣ ташкил шавад.Бояд гуфт, ки чанде пеш Раҳбари Ҳизби либерал -демократии Русия Владимир Жириновский гуфт, кишварҳои ҳамсоя аз сарвати Русия истифода мекунанд ва Русия бояд сиёсати худро нисбати онҳо тағйир диҳад.Вай гуфта буд, ки Русия барои давлатҳои ҳамсоя маблағ ва захираҳои зиёд сарф мекунад ва Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ "аз сарватҳои Русия" истифода мекунанд.Ӯ мегӯяд, Русия ба давлатҳои иттифоқӣ ниёз надорад, "онҳо (ҳамсояҳо - таҳрир) бояд хоҳиш мекарданд, ки як қисми Русия бошанд".Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳои аҷиби худ маъруф аст.Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.Ахиран роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.
https://sputnik.tj/20210810/zhirinovskiy-taghyiri-siyosati-rusiya-1041555802.html
https://sputnik.tj/20210722/zhirinovskiy-rusho-kishvarho-rusiya-davat-1041102609.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_167:0:1698:1148_1920x0_80_0_0_46f34f1dfea47a5d37c376b54a09a389.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
жириновский, қирғизистон, сафир, бозхонд, робитаҳо, қатъ, русия, раиси ҳизби леберал-демократ
жириновский, қирғизистон, сафир, бозхонд, робитаҳо, қатъ, русия, раиси ҳизби леберал-демократ
Жириновский пешниҳод кард, ки сафир аз Қирғизистон бозхонд шаваду робитаҳо қатъ гарданд
Раиси ҳизби либерал-демократии Русия дар робита ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон эълон кардааст, ки бояд фавран сафири Русия бозхонд шаваду тамоми робитаҳо бо ин кишвар қатъ гарданд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ахиран пешниҳод кардааст, ки сафири Русия аз Қирғизистон бояд фавран бозхонд шавад.
Сиёсатмадори рус инро ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабт додааст.
“Бозхонд бояд "фавран" сурат гирад ва ҳамчунин "ҳамаи робитаҳои тиҷорӣ бо Қирғизистон қатъ шавад", - гуфт Владимир Жириновский.
Ёдрас мешавем, ки ахиран як муштарии маркази дилхушии MagicCity дар Қирғизистон аз ходими русзабони марказ талаб кард, ки бо забони қирғизӣ суҳбат кунад ва ҳисобкунакро ба тарафи ходими русзабон андохт.
Жириновский пешниҳод доштааст, ки бояд пушти дари сафорати Қирғизистон дар Русия гирдиҳамоӣ ташкил шавад.
"Ман шахсан мераваму ширкат мекунам. Ва шадидан талаб мекунем, ки муҳоҷирони Қирғизистон аз Русия берун карда шаванд", - таъкид дошт Жириновский.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Раҳбари Ҳизби либерал -демократии Русия Владимир Жириновский гуфт, кишварҳои ҳамсоя аз сарвати Русия истифода мекунанд ва Русия бояд сиёсати худро нисбати онҳо тағйир диҳад.
Вай гуфта буд, ки Русия барои давлатҳои ҳамсоя маблағ ва захираҳои зиёд сарф мекунад ва Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ "аз сарватҳои Русия" истифода мекунанд.
Ӯ мегӯяд, Русия ба давлатҳои иттифоқӣ ниёз надорад, "онҳо (ҳамсояҳо - таҳрир) бояд хоҳиш мекарданд, ки як қисми Русия бошанд".
Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳои аҷиби худ маъруф аст.
Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.
Ахиран роҳбари ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.