Ғизои заҳролуд 24 узви як хонаводаро дар Нигерия кушт

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Обуна шудан
Пас аз ин ҳодисаи даҳшатбор, сухангӯи Вазорати беҳдошти Нигерия аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Дар Нигерия 24 узви як хонавода аз ғизои заҳролуд фавтиданд, хабар медиҳад "Известия". Ба иттилои манбаъ ин хонавода аз 26 нафар иборат буд ва бо фавти 24 нафар аз ин оила ҳамагӣ 2 нафар зинда монданду халос.
Манбаъ аз қавли Сокото Алӣ Иннаме намояндаи Вазорати беҳдошт менависад, ки ин хонавода ҳангоми омода кардани хӯрок ба ҷои намакӣ ошӣ, нуриҳои кимиёиро истифода намудаст, ки дар натиҷа ин иштибоҳ ба марги 24 нафар оварда расонд.
Уголь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад
"Мутаассифона, тамоми оилае, ки ин ғизоро хӯрдаанд, ба ҳалокат расидаанд, ба истиснои ду зане, ки танҳо озуқавориро санҷидаанд. Онҳо табобат мегиранд ва имкони зинда мондани онҳо ҷой дорад", - изҳор дошт Алӣ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи вазорат ба кулли шаҳрвандони Нигерия муроҷиат карда, даъват намудааст, ки ин ҳодисаи нагин барои ҳамагон бояд дарси ибрат шавад ва минбаъд мардум аз эҳтиёт кор гиранд.
Лентаи хабарҳо
0