https://sputnik.tj/20210726/honavoda-angishtkan-zahroludshud-shurob-jubronpuli-1041187152.html
Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад
Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати корхонаи “Ангишт” – и шаҳраки Шӯроби Исфара мегӯяд, ба хонаводаи Абдуманон Тошбоев, ангишткани ҳалокшуда бар асари таркиши газ ҷубронпулӣ пардохт хоҳад кард
2021-07-26T18:26+0500
2021-07-26T18:26+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пул
ҷуброн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101497/59/1014975923_0:520:2623:1995_1920x0_80_0_0_9db05956660485318906ecb350159c0b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Барои хонаводаи Абдуманнон Тошбоев, сардори ҳавзаи кони ангишти “Шӯроб”, ки ахиран бар асари хориҷшавии газ дар ҷои кор ба ҳалокат расид, 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо гардидаст, хабар дод мудири кулли ҶСК “Ангишт”, Насим Каримов.Каримов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҶСК “Ангишт” - и шаҳри Исфара барои хонаводаи Тошбоеви марҳум 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо намуда, ҳоло 5 ҳазор сомонӣ ва ё аз даҳ як ҳиссаи маблағро ба ҳамсари марҳум супоридааст.Абдуманон Тошбоеви 61-сола, ки роҳбарии ҳавзаро ба уҳда дошт, баъди зуҳри 24 июл дар қитъаи ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари хориҷшавии газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.“Ҳамаи кормандон бо кумаки ҳамкорони ҶСК “Ангишт” ва қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд, вале сардори ҳавзаро наҷот дода натавонистанд. Аз сабаби зиёд заҳролуд шудан, Тошбоев Абдуманнон Қаюмович, ба ҳалокат расид”, - изҳор дошт Каримов.Ӯ таъкид намуд, ки 45 ҳазор сомонии боқимонда ҳар моҳ ба хонаводаи марҳум супорида мешавад. Тошбоев дар оила ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш зиндагӣ мекард.Мудири кулли ҶСК “Ангишт” вазъи феълӣ дар конро шарҳ дода, афзуд, ки бо гузашти ду рӯз аз хориҷшавии гази зеризаминӣ, паёмадҳои он бартараф шуда, корхона аз 27 июл дубора ба кори худ шурӯъ мекунад.Кони ангишт дар Шӯроб яке аз бузургтаринҳо дар шимоли Тоҷикистон буда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва аҳолӣ истифода мекунанд.
https://sputnik.tj/20210206/Nokhush-favt-majruh-1032774225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101497/59/1014975923_0:81:2623:2048_1920x0_80_0_0_15fe44b2ecc0c73b86514c5daa7eb621.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ангишткан, шӯроб, исфара, ҷуброн
ангишткан, шӯроб, исфара, ҷуброн
Хонаводаи ангишткани заҳролудшуда дар Шӯроб ҳармоҳа ҷубронпулӣ мегирад
18:26 26.07.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Раёсати корхонаи “Ангишт” – и шаҳраки Шӯроби Исфара мегӯяд, ба хонаводаи Абдуманон Тошбоев, ангишткани ҳалокшуда дар ҷои кор ҷубронпулӣ пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Барои хонаводаи Абдуманнон Тошбоев, сардори ҳавзаи кони ангишти “Шӯроб”, ки ахиран бар асари хориҷшавии газ дар ҷои кор ба ҳалокат расид, 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо гардидаст, хабар дод мудири кулли ҶСК “Ангишт”, Насим Каримов.
Каримов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҶСК “Ангишт” - и шаҳри Исфара барои хонаводаи Тошбоеви марҳум 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ҷудо намуда, ҳоло 5 ҳазор сомонӣ ва ё аз даҳ як ҳиссаи маблағро ба ҳамсари марҳум супоридааст.
Абдуманон Тошбоеви 61-сола, ки роҳбарии ҳавзаро ба уҳда дошт, баъди зуҳри 24 июл дар қитъаи ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари хориҷшавии газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.
“Ҳамаи кормандон бо кумаки ҳамкорони ҶСК “Ангишт” ва қисми наҷотдиҳии кӯҳӣ аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд, вале сардори ҳавзаро наҷот дода натавонистанд. Аз сабаби зиёд заҳролуд шудан, Тошбоев Абдуманнон Қаюмович, ба ҳалокат расид”, - изҳор дошт Каримов.
Ӯ таъкид намуд, ки 45 ҳазор сомонии боқимонда ҳар моҳ ба хонаводаи марҳум супорида мешавад. Тошбоев дар оила ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш зиндагӣ мекард.
Мудири кулли ҶСК “Ангишт” вазъи феълӣ дар конро шарҳ дода, афзуд, ки бо гузашти ду рӯз аз хориҷшавии гази зеризаминӣ, паёмадҳои он бартараф шуда, корхона аз 27 июл дубора ба кори худ шурӯъ мекунад.
Кони ангишт дар Шӯроб яке аз бузургтаринҳо дар шимоли Тоҷикистон буда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва аҳолӣ истифода мекунанд.