Толибон* аз забт кардани шаҳри Фараҳ хабар доданд

© REUTERS \ Jim HollanderТабличка с надписью "Талибы" на юге Афганистана
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Ҷунбиши ҳаракати Толибон* мегӯянд, ки шаҳри Фараҳро забт ва ба тобеияти худ дароварданд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст, ки ҷангиёни ин ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия шаҳри Фараҳро ҳабт намуданд.
"Ҷангиёни Иморати Исломӣ дар ҷараёни амалиёти "Ал-Фатҳ" маркази Фараҳро ишғол карданд", - навиштааст Муҷоҳид дар сафҳаи худ дар Twitter.
Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти губернатор аллакай зери назорати онҳо қарор дорад ва ҷангиён боқимонда неруҳои давлатиро аз ин шаҳр берун хоҳанд кард.
Шабакаи телевизионии маҳаллии Tolo News низ хабар додааст, ки қисмати беши шаҳри Фараҳ. аз ҷумла постгоҳи пулис ба дасти Толибон* гузашт.
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Вазир хатари Толибон* - ро гуфт: силоҳи муосиру стратегияи мушаххас доранд
Рӯзи 6 август Толибон* аз забти шаҳри Заранҷ, маркази маъмурии вилояти Нимрӯз дар ҷанубу ғарби Афғонистон ва баъд аз он боз панҷ маркази маъмурӣ, аз ҷумла шаҳри бузурги Қундуз, воқеъ дар наздикии марз бо Тоҷикистонро эълон карданд.
Дар ҳамин ҳол, Кобул маълумот дар бораи ишғоли шаҳр аз ҷониби Толибонро рад кард. Илова бар ин, низомиёни афғон хабар доданд, ки қудратро бар як маркази маъмурӣ дубора ба даст овардаанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0