https://sputnik.tj/20210810/siloh-muosir-strategiyai-mirzo-tolibon-hatarnok-1041543090.html
Вазир хатари Толибон* - ро гуфт: силоҳи муосиру стратегияи мушаххас доранд
Вазир хатари Толибон* - ро гуфт: силоҳи муосиру стратегияи мушаххас доранд
Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, муташаккил будани созмонҳои террористӣ ва муҷаҳҳаз буданашон бо силоҳи муосир аз омилҳои асосии хатарнокии онҳо мебошад
2021-08-10T15:14+0500
2021-08-10T15:14+0500
2021-08-10T15:14+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039082281_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3eba5a059168f83c6abc0b1b35e245b5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, вазъ дар Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон вобаста аст.Шералӣ Мирзо гуфт, созмони террористии Толибон* аллакай шимол ва шимоли шарқи Афғонистонро зери назорат дорад.“Агар то вақтҳои охир ҳузури нерӯҳои хориҷӣ имкони ҳифзи тавозун ва назорати вазъи низомӣ - сиёсиро медод, хориҷшавии онҳо боиси шиддати фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористӣ шудааст”, - изҳор дошт вазир.Ӯ дар доираи размоиши муштарак бо нерӯҳои Русия ва Ӯзбекистон изҳор дошт, ки ҳузури нерӯҳои террористӣ дар наздикии марз аз ҷониби кишварҳои минтақа ҳамоҳангиро талаб мекунад.Вай посухи мувофиқро ба ин таҳдидҳо қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа хонд.Генерал полковники тоҷик бо зикри он, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон марзи муштарак бо Афғонистон доранд, таъкид кард, ки нерӯҳои ду кишвар дар “форпост”-и мубориза бо хатарҳои террористӣ мебошанд. Ӯ инчунин нақши бузурги Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201 – ро дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуд.Генерал полковники тоҷик размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро, ки 10 август дар наздикии марзи Афғонистон анҷом ёфт, муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо
https://sputnik.tj/20210810/halta-otashin-hamlagar-tojikiston-nobud-1041531030.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039082281_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_06d997ea199d289006d675c97fb4d02a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шералӣ мирзо
Вазир хатари Толибон* - ро гуфт: силоҳи муосиру стратегияи мушаххас доранд
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, муташаккил будани созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ва муҷаҳҳаз буданашон бо силоҳи муосирро аз омилҳои махсуси хатарнокии онҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазири мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, вазъ дар Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон вобаста аст.
Шералӣ Мирзо гуфт, созмони террористии Толибон* аллакай шимол ва шимоли шарқи Афғонистонро зери назорат дорад.
“Агар то вақтҳои охир ҳузури нерӯҳои хориҷӣ имкони ҳифзи тавозун ва назорати вазъи низомӣ - сиёсиро медод, хориҷшавии онҳо боиси шиддати фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористӣ шудааст”, - изҳор дошт вазир.
Ӯ дар доираи размоиши муштарак бо нерӯҳои Русия ва Ӯзбекистон изҳор дошт, ки ҳузури нерӯҳои террористӣ дар наздикии марз аз ҷониби кишварҳои минтақа ҳамоҳангиро талаб мекунад.
“Созмонҳои террористии фаъол дар Афғонистон зери таъсири омилҳои гуногун ба сохтори муташаккил, бо артиши муҷаҳҳаз бо силлоҳҳои муосир ва стратегияи мушаххаси амал, табдил ёфта, ки махсусан хатарнок барои кишварҳои минтақа мебошад”, - ҳушдор дод вазири мудофиа.
Вай посухи мувофиқро ба ин таҳдидҳо қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа хонд.
Генерал полковники тоҷик бо зикри он, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон марзи муштарак бо Афғонистон доранд, таъкид кард, ки нерӯҳои ду кишвар дар “форпост”-и мубориза бо хатарҳои террористӣ мебошанд. Ӯ инчунин нақши бузурги Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201 – ро дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуд.
Генерал полковники тоҷик размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро, ки 10 август дар наздикии марзи Афғонистон анҷом ёфт, муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо