https://sputnik.tj/20210809/video-sadama-mudhish-dushanbe-chanoq-gulnora-1041509001.html
Видеои садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқ: Гулнораи 25-сола ҷон дод
Видеои садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқ: Гулнораи 25-сола ҷон дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқро, ки навораш ба интернет роҳ ёфтаст, шарҳ дод
2021-08-09T13:20+0500
2021-08-09T13:20+0500
2021-08-09T13:27+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
садама
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/09/1041508904_0:277:720:682_1920x0_80_0_0_74f6b6d7ad00ad1259fccefa8b23ffe8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор 8-уми август, тахминан соати 04:30 дақиқа дар ҷамоати Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Баракаев Шокирҷон, сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанноқ, дар километри 326-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромадааст.Дар натиҷа мошини таҳти идораи ронандаи 21-сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Аз соҳиби “Камаз” Хоҷазода Комилҷон Мирзоназар, сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки дар лаҳзаи садама мошини боркаш беҳаракат будааст.Ба иттилои ВУД дар пайи бархӯрд, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Соҳибова Гулнора, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо нашри навор аз ҷои ҳодиса сабаби эҳтимолии садамаро ҳаракат бо суръати баланд хондааст. Бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки берун намудани одамон аз мошин танҳо бо ҷалби имдодгарон даст додаст. КҲФ афзуд, ки ронандаи автомашинаи “Деу – Лабо” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ карда шуд.Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210809/halokat-piyodagard-noboligh-nouhdabaroi-ronanda-1041508078.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/09/1041508904_0:162:720:702_1920x0_80_0_0_0ef03ed8ed1c85423d1143fe64947894.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, рӯйдод, мудҳиш, душанбе, чаноқ, хуҷанд, ҳалокат
садама, рӯйдод, мудҳиш, душанбе, чаноқ, хуҷанд, ҳалокат
Видеои садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқ: Гулнораи 25-сола ҷон дод
13:20 09.08.2021 (Навсозишуда: 13:27 09.08.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Чаноқро, ки навораш ба интернет роҳ ёфтаст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор 8-уми август, тахминан соати 04:30 дақиқа дар ҷамоати Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Баракаев Шокирҷон, сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанноқ, дар километри 326-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромадааст.
Дар натиҷа мошини таҳти идораи ронандаи 21-сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Аз соҳиби “Камаз” Хоҷазода Комилҷон Мирзоназар, сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки дар лаҳзаи садама мошини боркаш беҳаракат будааст.
Ба иттилои ВУД дар пайи бархӯрд, мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Лабо”, Соҳибова Гулнора, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо нашри навор аз ҷои ҳодиса сабаби эҳтимолии садамаро ҳаракат бо суръати баланд хондааст. Бархӯрд ба ҳадде шадид будааст, ки берун намудани одамон аз мошин танҳо бо ҷалби имдодгарон даст додаст.
КҲФ афзуд, ки ронандаи автомашинаи “Деу – Лабо” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ карда шуд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.