Ҳалокати се пиёдагард, аз ҷумла ду ноболиғ дар пайи ноуҳдабароии ронанда

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARМаленькую девочку ведут за руку
Маленькую девочку ведут за руку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се пиёдагард хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод бар асари ноуҳдабароии ронандагони воситаи нақлиёт рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. ВУД мегӯяд, Дилафрӯзи 7-сола зери чархи “Опел астра” таҳти идораи Ҷумъахон Назаров, сокини 27-солаи ноҳияи Вахш мондаст.
“Субҳи 7 август, Ҷумъахон Назаров, пушти чанбари “Опел” ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Кушониён ба ноҳияи Вахш дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Файзуллоева Дилафрӯз, зодаи соли 2014 – ро зер кардааст”, - хабар дод ВУД.
Манбаъ афзуд, ки пиёдагарди хурдсол дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Инчунин нисфирӯзи 8-уми август Алламурод Ҳусайнов, сокини 34-солаи ноҳияи Дӯстӣ дар роҳ аз ноҳияи Шаҳритус ба шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи “Опел астра” – аш набаромада, ноболиғ Рамазон Бобоназарови 16-соларо зер кардааст. Ба иттилои ВУД, Рамазони ғуррамарг низ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Ҳолати сеюми марги пиёдагард 8-уми август, соати 05:40 дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара рух додааст.
ВУД мегӯяд, Зоирҷони Асомуддин, сокини 29-сола шаҳраки Данғара дар роҳ ба Кӯлоб, дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи мотосиклаш набаромада, Бахтиёр Қодиров, сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъро зер кардааст.
Манбаъ афзуд, Қодиров бар асари ҷароҳатҳои бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0