https://sputnik.tj/20210807/rahbaron-om-hal-vaz-afghonistonro-1041484751.html
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои ҳалли вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои ҳалли вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон изҳороти муштарак оид ба Афғонистон қабул шуд
2021-08-07T11:10+0500
2021-08-07T11:10+0500
2021-08-07T11:10+0500
афғонистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ом
марз
туркаманистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041452603_194:479:2641:1855_1920x0_80_0_0_8ed96a5c8b25178b439b9ca9fe5ec48a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Раисони ҷумҳури Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як нишасти машваратӣ дар Туркманбошӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.Ин муқаррарот дар банди алоҳидаи ҳуҷҷат, ки дар натиҷаи мулоқоти раҳбарон дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон баргузор шуд, сабт шудааст.Тибқи ин баёния, раисони ҷумҳури панҷ кишвар омодаанд, ки барои расидан ба сулҳ ва ҳамоҳангии шаҳрвандӣ дар ҷомеаи Афғонистон ҳама гуна кӯмакро расонандКишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз талошҳои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки барои таъмини амният ва субот дар Афғонистон, барқарорсозии зерсохтори иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ва ҷалби он дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ саъй доранд, дастгирӣ мекунанд. Дар изҳорот нияти ҷонибҳо барои омӯзиши масъалаи таъсиси муколама оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст. Дар ин платформаи машваратии доимӣ мавзӯъҳои кунунии рушди минтақа мунтазам баррасӣ карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ баргузор шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 август бо як сафари давлатӣ вориди Туркманистон шуд. Дар чаҳорчӯби мулоқоти дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили амниятиро баррасӣ кард. Тарафҳо қайд карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар самти Афғонистон дар заминаи талошҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, барқарорсозии иқтисод ва соҳаи иҷтимоии он манфиати зиёд хоҳад овард.
https://sputnik.tj/20210806/jinspushii-emomali-rahmon-aksho-1041452824.html
афғонистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041452603_134:0:2607:1855_1920x0_80_0_0_ffcf120b72671cd12833ac8912476550.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳбарон,осиёи марказӣ, вазъ, афғонистон,
раҳбарон,осиёи марказӣ, вазъ, афғонистон,
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои ҳалли вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Пас аз нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон изҳороти муштарак оид ба Афғонистон қабул шуд
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Раисони ҷумҳури Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар як нишасти машваратӣ дар Туркманбошӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
"Ҳалли зудтари вазъ дар Афғонистон яке аз муҳимтарин омилҳои нигоҳдорӣ ва таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказист", - омадааст дар изҳороти муштарак.
Ин муқаррарот дар банди алоҳидаи ҳуҷҷат, ки дар натиҷаи мулоқоти раҳбарон дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон баргузор шуд, сабт шудааст.
Тибқи ин баёния, раисони ҷумҳури панҷ кишвар омодаанд, ки барои расидан ба сулҳ ва ҳамоҳангии шаҳрвандӣ дар ҷомеаи Афғонистон ҳама гуна кӯмакро расонанд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз талошҳои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки барои таъмини амният ва субот дар Афғонистон, барқарорсозии зерсохтори иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ва ҷалби он дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ саъй доранд, дастгирӣ мекунанд.
Дар изҳорот нияти ҷонибҳо барои омӯзиши масъалаи таъсиси муколама оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст. Дар ин платформаи машваратии доимӣ мавзӯъҳои кунунии рушди минтақа мунтазам баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 август бо як сафари давлатӣ вориди Туркманистон шуд. Дар чаҳорчӯби мулоқоти дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили амниятиро баррасӣ кард.
Тарафҳо қайд карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар самти Афғонистон дар заминаи талошҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, барқарорсозии иқтисод ва соҳаи иҷтимоии он манфиати зиёд хоҳад овард.