https://sputnik.tj/20210806/jinspushii-emomali-rahmon-aksho-1041452824.html
Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо
Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Пештар хабар дода шуд, ки раҳбари Туркманистон ҳамтоёнашро барои сайру гашт ба соҳили баҳри Каспий бурд. Пасон кишвардорон дар шаҳри Туркменбошӣ гашту гузор карданд
2021-08-06T12:54+0500
2021-08-06T12:54+0500
2021-08-06T13:15+0500
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
осиёи марказӣ
идм
гашту гузор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041452670_0:71:1001:634_1920x0_80_0_0_7114cdee0134e2ae40fa64188326517f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Аксҳои президентҳои Осиёи Марказӣ аз сайру гашташон дар шаҳри Туркменбошӣ нашр шуданд.Ак суратҳо дида мешавад, ки ҳамаи кишвардорон ғайр аз президенти Тоҷикистон бо либоси варзишӣ гашту гузор мекунанд.Эмомалӣ Раҳмон дар тан яктаки кабудранг, болопӯши ширчойранг ва шимҳои ҷинс дорад. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев - либоси варзишии олимпӣ пӯшидаасту, дар тани меҳмондор - раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов либоси варзишии сафед аст.Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов либоси варзишии рангаш кабуди баланд дораду президенти Ӯзбекистон либоси ранги сиёҳ ба бар кардааст.Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.Ба гуфти котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.Дидори сарони кишварҳои ОМ дар Туркманистон: дар соҳили баҳр "бе галстук"Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041452670_30:0:969:704_1920x0_80_0_0_9c0f031143f8ab1811362e49fe864349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гашту гузор, туркманистон, тоҷикистон, қазоқистон
гашту гузор, туркманистон, тоҷикистон, қазоқистон
Сайру гашти кишвардорон: Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинс дигарҳо бо либоси варзишӣ - аксҳо
12:54 06.08.2021 (Навсозишуда: 13:15 06.08.2021) Раҳбари Туркманистон ҳамтоёнашро барои сайру гашт ба соҳили баҳри Каспий бурд. Пасон кишвардорон дар шаҳри Туркменбошӣ гашту гузор карданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Аксҳои президентҳои Осиёи Марказӣ аз сайру гашташон дар шаҳри Туркменбошӣ нашр шуданд.
Ак суратҳо дида мешавад, ки ҳамаи кишвардорон ғайр аз президенти Тоҷикистон бо либоси варзишӣ гашту гузор мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар тан яктаки кабудранг, болопӯши ширчойранг ва шимҳои ҷинс дорад.
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев - либоси варзишии олимпӣ пӯшидаасту, дар тани меҳмондор - раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов либоси варзишии сафед аст.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов либоси варзишии рангаш кабуди баланд дораду президенти Ӯзбекистон либоси ранги сиёҳ ба бар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон баргузор шуд.
Ба гуфти котиби матбуотии президенти Қазоқистон, аввалин муколамаи сарони давлатҳо дар фазои ғайрирасмӣ сурат гирифт.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов меҳмононро дар соҳили баҳри Каспий пешвоз гирифт.
Ҷузъиёти муколамаи сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мушаххас нашудааст.