https://sputnik.tj/20210807/nebenzya-om-hatar-jangiyon-afghon-nigaron-1041484389.html
Небензя: дар Осиёи Марказӣ аз хатари воридшавии ҷангиёни афғон нигаронанд
Небензя: дар Осиёи Марказӣ аз хатари воридшавии ҷангиёни афғон нигаронанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷумҳурӣ хавфи воқеии чанги шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, мегӯяд намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя
2021-08-07T10:40+0500
2021-08-07T10:40+0500
2021-08-07T10:40+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
ом
терроризм
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032262525_0:215:2876:1833_1920x0_80_0_0_5991f9364deea0e6e46d542301626d39.jpg
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Таҳдиди воридшавии террористон аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нигарониро ба миён меорад, гуфт намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон.Небензя таъкид кард, ки маълумот дар бораи афзоиши хушунат дар Афғонистон даҳшатовар аст ва ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар ҷумҳурӣ дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ноумедкунанда ба назар мерасад. "Аён аст, ки роҳи ҳалли низомии Афғонистон вуҷуд надорад. Аммо дар шароити феълии набуди пешрафт дар роҳи музокирот, дурнамои ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ гузаштани Афғонистон, мутаассифона, воқеан воқеъист", - гуфт дипломати рус.Аз нуқтаи назари ӯ, вазифаи муҳимтарин дар шароити кунунӣ "ҳарчи зудтар оғоз кардани гуфтушуниди моҳиятӣ" мебошад. Вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунанд, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 беш аз 200 шаҳристон таҳти назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) қарор гирифтаанд. Хусусан задухӯрди шадид байни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷангиён дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20210806/vuh-rusiya-tolibon-afghoniston-afzoish-1041449283.html
афғонистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032262525_74:0:2803:2047_1920x0_80_0_0_243dba52aaad94fc611aa37e568330af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
небензя, осиёи марказӣ, воридшавӣ, ҷангиёни афғон, нигарон,
небензя, осиёи марказӣ, воридшавӣ, ҷангиёни афғон, нигарон,
Небензя: дар Осиёи Марказӣ аз хатари воридшавии ҷангиёни афғон нигаронанд
Дар ҷумҳурӣ хавфи воқеии чанги шаҳрвандӣ вуҷуд дорад, мегӯяд намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Таҳдиди воридшавии террористон аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нигарониро ба миён меорад, гуфт намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон.
"Хавфи вуруди ҷангҷӯён ба минтақа, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон, наметавонад боиси нигаронии ҳамсоягон дар Осиёи Марказӣ нагардад. Мо бо ҳамаи панҷ кишвар дар тамос ҳастем", - гуфт ӯ.
Небензя таъкид кард, ки маълумот дар бораи афзоиши хушунат дар Афғонистон даҳшатовар аст ва ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар ҷумҳурӣ дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ноумедкунанда ба назар мерасад.
"Аён аст, ки роҳи ҳалли низомии Афғонистон вуҷуд надорад. Аммо дар шароити феълии набуди пешрафт дар роҳи музокирот, дурнамои ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ гузаштани Афғонистон, мутаассифона, воқеан воқеъист", - гуфт дипломати рус.
Аз нуқтаи назари ӯ, вазифаи муҳимтарин дар шароити кунунӣ "ҳарчи зудтар оғоз кардани гуфтушуниди моҳиятӣ" мебошад.
Вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.
Нерӯҳои ҳукуматӣ талош доранд ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунанд, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 беш аз 200 шаҳристон таҳти назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) қарор гирифтаанд. Хусусан задухӯрди шадид байни хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷангиён дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.