https://sputnik.tj/20210806/vuh-rusiya-tolibon-afghoniston-afzoish-1041449283.html
ВУХ Русия: Толибон* дар Афғонистон фаъолияти худро ба таври назаррас афзоиш доданд
ВУХ Русия: Толибон* дар Афғонистон фаъолияти худро ба таври назаррас афзоиш доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, дар ҷараёни як амалиёти густурдаи тобистона Толибон* 80 то 100 музофоти Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд
2021-08-06T09:51+0500
2021-08-06T09:51+0500
2021-08-06T09:54+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
гурӯҳи террористии "толибон"
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733515_0:228:2832:1821_1920x0_80_0_0_e8639cfd7c59001469cf42532e48b071.jpg
ДУШАНБЕ, 6 август - Спутник. Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии Толибон* фаъолияташонро дар Афғонистон ба таври намоён афзоиш доданд, гуфт Александр Бикантов, муовини мудири департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия қайд кард, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон* тоб наоварда истодаанд. Дар як ҳамлаи миқёси тобистона, радикалҳо аз 80 то 100 музофоти навро таҳти назорат гирифтанд. "Ҳодисаҳои ба таври оммавӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Хезишҳои халқӣ, ки дар минтақаҳо ташкил карда мешаванд, низ бо самаранокии худ фарқ намекунанд", - гуфт Бикантов.Ҳамзамон, ӯ таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки Толибон* тадриҷан суст мешаванд. "Толибон* барои забт ва нигоҳ доштани шаҳрҳои калон, аз ҷумла пойтахти кишвар Кобул, захира надоранд. <...> Нерӯҳои ҳукуматӣ тавонистанд назорати қаблан аз дастрафтаи шаҳристонҳоро дубора барқарор кунанд", - гуфт дипломат.Дар Афғонистон бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни Толибон* идома дорад. Ифротгароён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ҷумҳурӣ аз нав бархостанд. Бахусус ҷангҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон* ва Эрон ҷараён доштанд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210805/nizomiyoni-afghoniston-tojikiston-firor-1041446666.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733515_51:0:2782:2048_1920x0_80_0_0_84e9f11463ade7284854edb668ff122c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вух, русия, толибон*, афғонистон, нуфуз,
вух, русия, толибон*, афғонистон, нуфуз,
ВУХ Русия: Толибон* дар Афғонистон фаъолияти худро ба таври назаррас афзоиш доданд
09:51 06.08.2021 (Навсозишуда: 09:54 06.08.2021) Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, дар ҷараёни як амалиёти густурдаи тобистона Толибон* 80 то 100 музофоти Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 6 август - Спутник. Ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии Толибон* фаъолияташонро дар Афғонистон ба таври намоён афзоиш доданд, гуфт Александр Бикантов, муовини мудири департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Вазъ дар Афғонистон таназзул меёбад. Ин пеш аз ҳама ба қарори Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар бораи ба таъхир андохтани хуруҷи пурраи нирӯҳо аз Афғонистон вобаста аст", - гуфт ӯ зимни брифинге.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия қайд кард, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон* тоб наоварда истодаанд. Дар як ҳамлаи миқёси тобистона, радикалҳо аз 80 то 100 музофоти навро таҳти назорат гирифтанд.
"Ҳодисаҳои ба таври оммавӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. Хезишҳои халқӣ, ки дар минтақаҳо ташкил карда мешаванд, низ бо самаранокии худ фарқ намекунанд", - гуфт Бикантов.
Ҳамзамон, ӯ таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки Толибон* тадриҷан суст мешаванд.
"Толибон* барои забт ва нигоҳ доштани шаҳрҳои калон, аз ҷумла пойтахти кишвар Кобул, захира надоранд. <...> Нерӯҳои ҳукуматӣ тавонистанд назорати қаблан аз дастрафтаи шаҳристонҳоро дубора барқарор кунанд", - гуфт дипломат.
Дар Афғонистон бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни Толибон* идома дорад. Ифротгароён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ҷумҳурӣ аз нав бархостанд. Бахусус ҷангҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон* ва Эрон ҷараён доштанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.