https://sputnik.tj/20210807/kuhnavardon-tojikiston-najot-nazorat-tabibon-1041484193.html
Кӯҳнавардони рус, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот ёфтанд, таҳти назорати табибонанд
Кӯҳнавардони рус, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот ёфтанд, таҳти назорати табибонанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи яке аз сайёҳони нопадидшуда аз ин гурӯҳ то ҳол дар кӯҳҳои Помир идома дорад.
2021-08-07T10:00+0500
2021-08-07T10:00+0500
2021-08-07T10:12+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
помир
наҷот
куҳҳо
кӯҳнавард
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/49/1029184948_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_e68ce10924ca0ac16882b3be603541c7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар кӯҳҳои Помир 6 сайёҳи рус ва ҳайати як чархболи сарҳадбонони тоҷик таҳти назорати табибон қарор доранд.Ҳоло ҳамаи наҷотёфтагон таҳти назорати табибон қарор доранд. Кумита ҳамчунин гуфт, ки 4 августи соли равон як чархболи МИ-8 қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд." Тахминан соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст", - гуфта мешавад, дар иттилоияи КҲФ.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки "халабон Сергей Тютин вафот кард, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд". Пештар гуфта мешуд, ки вақте як гурӯҳи кӯҳнавардони рус ба болои Сент – Экзюпарӣ баромаданд, яке аз онҳо Александр Маслов аз қулла афтод. Дар бораи тақдири ӯ ҳоло ягон маълумоте нест. Аммо маълум аст, ки кӯҳнавардон то 4 август дар ҷустуҷӯи дӯст будаанд.
https://sputnik.tj/20210806/saforat-justuju-kuhnavard-bedarakshuda-rus-pomir-1041461920.html
помир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/49/1029184948_0:0:900:675_1920x0_80_0_0_4d79698aa3a5c05177e6ecd4a58d6572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯҳнавардон, рус, кӯҳҳои тоҷикистон, наҷот, назорат, табибон
кӯҳнавардон, рус, кӯҳҳои тоҷикистон, наҷот, назорат, табибон
Кӯҳнавардони рус, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот ёфтанд, таҳти назорати табибонанд
10:00 07.08.2021 (Навсозишуда: 10:12 07.08.2021) Ҷустуҷӯи яке аз сайёҳони нопадидшуда аз ин гурӯҳ то ҳол дар кӯҳҳои Помир идома дорад.
ДУШАНБЕ, 7 август - Sputnik. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар кӯҳҳои Помир 6 сайёҳи рус ва ҳайати як чархболи сарҳадбонони тоҷик таҳти назорати табибон қарор доранд.
"Шашуми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд", - афзудааст манбаъ.
Ҳоло ҳамаи наҷотёфтагон таҳти назорати табибон қарор доранд.
Кумита ҳамчунин гуфт, ки 4 августи соли равон як чархболи МИ-8 қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд.
" Тахминан соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст", - гуфта мешавад, дар иттилоияи КҲФ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки "халабон Сергей Тютин вафот кард, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд".
Пештар гуфта мешуд, ки вақте як гурӯҳи кӯҳнавардони рус ба болои Сент – Экзюпарӣ баромаданд, яке аз онҳо Александр Маслов аз қулла афтод.
Дар бораи тақдири ӯ ҳоло ягон маълумоте нест. Аммо маълум аст, ки кӯҳнавардон то 4 август дар ҷустуҷӯи дӯст будаанд.