https://sputnik.tj/20210806/saforat-justuju-kuhnavard-bedarakshuda-rus-pomir-1041461920.html
Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад
Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, куҳнавардони русиягӣ, ки гуруҳашон дар куҳҳои Помир дучори нохушӣ шуда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд
2021-08-06T17:06+0500
2021-08-06T17:06+0500
2021-08-06T17:59+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
помир
чархбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/07/1031290787_0:193:3078:1924_1920x0_80_0_0_71e8fdd94ff40eeaf2ecf465bad8bfc8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Намояндагии Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷустуҷӯи куҳнавардаи бедаракшуда Александр Маслов идома дорад.“Дар мавриди маргаш мо иттилое надодаем. Феълан ҷустуҷӯи ӯ идома дорад”, - иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти сафорати Русия ба Sputnik Тоҷикистон.Алксандр Маслови 33-сола, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав – МГУ буда, як муддат дар ин даргоҳ дарс медодааст. Сипас ба соҳибкорӣ пардохтааст, аммо чун пештара узви бошгоҳи куҳнавардии МГУ будааст.Бошгоҳи куҳнавардии Донишгоҳи давлатии Маскав - МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дода, гуфт, ҳодиса рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ рух додааст.“Тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд”, - омадааст дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.Субҳи чоруми август чархболе, ки ба кумаки куҳнавардон фиристода шуд, баъди партофтани таҷҳизоти зарурӣ ба куҳнавардон, баногоҳ суқут кардааст. Чор сарнишини чархбол ҷароҳатҳои гуногун бардошта, халабони он Сергей Тютин ба ҳалокат расидаст.Феълан мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд.
https://sputnik.tj/20210806/vido-halabon-charhbol-vmkb-suqut-1041450972.html
помир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/07/1031290787_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_0846d345fadce09b4b2b69841ab846b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, помир, сафорат
тоҷикистон, помир, сафорат
Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад
17:06 06.08.2021 (Навсозишуда: 17:59 06.08.2021) Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, куҳнавардони русиягӣ, ки гуруҳашон дар куҳҳои Помир дучори нохушӣ шуда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Намояндагии Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷустуҷӯи куҳнавардаи бедаракшуда Александр Маслов идома дорад.
“Дар мавриди маргаш мо иттилое надодаем. Феълан ҷустуҷӯи ӯ идома дорад”, - иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти сафорати Русия ба Sputnik Тоҷикистон.
Алксандр Маслови 33-сола, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав – МГУ буда, як муддат дар ин даргоҳ дарс медодааст. Сипас ба соҳибкорӣ пардохтааст, аммо чун пештара узви бошгоҳи куҳнавардии МГУ будааст.
Бошгоҳи куҳнавардии Донишгоҳи давлатии Маскав - МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дода, гуфт, ҳодиса рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ рух додааст.
“Тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд”, - омадааст
дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.
Субҳи чоруми август чархболе, ки ба кумаки куҳнавардон фиристода шуд, баъди партофтани таҷҳизоти зарурӣ ба куҳнавардон, баногоҳ суқут кардааст. Чор сарнишини чархбол ҷароҳатҳои гуногун бардошта, халабони он Сергей Тютин ба ҳалокат расидаст.
Феълан мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд.