Ифтитоҳи парванда алайҳи ду муттаҳам барои қаллобӣ: яке мошин гирифтасту пулашро намедиҳад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗначок немецкого концерна "Мерседес" на автомобиле,
Значок немецкого концерна Мерседес на автомобиле, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи ду нафар бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод, ки пули шаҳрвандонро барнагардондаанд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ба идораи милиса дар шаҳри Бохтар марди 32-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 18-уми майи соли 2021, дар бозори фурӯши автомобилҳо бо номи “Ҳоҷи-Шариф” марде аз ӯ мошини "Мерседес"-ро гирифта, пулашро надодааст.
Ба иттилои манбаъ, харидор марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, аз ҷабрдида мошини “Мерседес-Бенс”-ро 55 ҳазор сомонӣ нархгузори карда, гирифтааст.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш
Таъкид шудааст, ки харидор то ҳол маблағи мошинро напардохтааст.
Ҳолати дуюми қаллобӣ дар ноҳияи Ашт ошкор гардидааст. Кормандони милиса марди 58-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Аштро боздошт кардаанд, ки ҳанӯз моҳи июли соли 2014, аз зани 67-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур маблағ гирифтааст. Таъкид шудааст, ки муттаҳам бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ кардани хонаи истиқоматии ҷабрдида дар шаҳраки Дӯстӣ 195 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол пулро барнагардонидааст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан алайҳи ин ду нафар бар асоси моддаи 247 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0