https://sputnik.tj/20210806/kobul-suhangu-rasijumhur-afghoniston-kushta-shud-1041469062.html
Дар Кобул собиқ сухангӯи расиҷумҳури Афғонистон кушта шуд
Дар Кобул собиқ сухангӯи расиҷумҳури Афғонистон кушта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Афғонистон раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд 06.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-06T21:00+0500
2021-08-06T21:00+0500
2021-08-06T21:00+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
рӯзноманигор
раисҷумҳур
кушта шудан
сухангӯй
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211791_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c13a37f665ebdc93c749a69590b6db61.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Давохон Минапол, раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ дар як ҳамла аз сӯи шахсони мусаллаҳ дар шаҳри Кобул кушта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории TOLOnews.Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамла имрӯз баъд аз зуҳри дар минтақаи роҳи Доруламани Кобул сурат гирифтааст.Давохон Минапол пеш аз он, ки раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ интихоб шавад солҳо ба ҳайси сухангӯи расиҷумҳур кор карда буд.Ӯ пеш аз оғоз ба кор дар ҳукумат ба ҳайси хабарнигор кор мекард.Толибон* масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.Ҷангҷӯёни Толибон* дар чанд моҳи ахир дар қаламрави Афғонистон чандин рӯзноманигору шахсони намоёни ин кишварро террору ба қатл расонданд.Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210806/farishta-dushanbe-vahshoniyat-tajovuz-marg-duhtar-badahshon-1041464354.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211791_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_1ad0ff72b8cfc81b7a5e01b4ef8724a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, рӯзноманигор, раисҷумҳур, кушта шудан, сухангӯй
афғонистон, толибон, осиёи марказӣ, рӯзноманигор, раисҷумҳур, кушта шудан, сухангӯй
Дар Кобул собиқ сухангӯи расиҷумҳури Афғонистон кушта шуд
Дар пойтахти Афғонистон раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Давохон Минапол, раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ дар як ҳамла аз сӯи шахсони мусаллаҳ дар шаҳри Кобул кушта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории
TOLOnews.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамла имрӯз баъд аз зуҳри дар минтақаи роҳи Доруламани Кобул сурат гирифтааст.
Давохон Минапол пеш аз он, ки раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ интихоб шавад солҳо ба ҳайси сухангӯи расиҷумҳур кор карда буд.
Ӯ пеш аз оғоз ба кор дар ҳукумат ба ҳайси хабарнигор кор мекард.
Толибон* масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
Ҷангҷӯёни Толибон* дар чанд моҳи ахир дар қаламрави Афғонистон чандин рӯзноманигору шахсони намоёни ин кишварро террору ба қатл расонданд.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.