https://sputnik.tj/20210806/farishta-dushanbe-vahshoniyat-tajovuz-marg-duhtar-badahshon-1041464354.html
Фаришта ба Душанбе гурехту аз ваҳшониятҳо гуфт: таҷовузу марги духтари 15-сола аз Бадахшон
Фаришта ба Душанбе гурехту аз ваҳшониятҳо гуфт: таҷовузу марги духтари 15-сола аз Бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
Фаришта Ҳусайнӣ варзишкор ва як зане, ки аз дасти Толибон* аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардааст, мегӯяд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ имӯзҳо мардум ба хусус духтарону занони афғон ба хоку хун кашида шудаанд
2021-08-06T18:30+0500
2021-08-06T18:30+0500
2021-08-06T23:24+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
фирор
зан
духтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041463893_0:73:3069:1799_1920x0_80_0_0_acf9c58e50c90ccda31c16565d7a4e1d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Фаришта Ҳусайнӣ варзишкор ва як зани афғоне, ки имрӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад ахиран дар як ҳамоише, ки сафорати Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кард, аз ҷомеаӣ ҷаҳонӣ, СММ ва кишварҳои ҳамсоя тақозо кард, ки ба давлати Афғонистон кумак намоянд, то дар ин кишвар сулҳу оромӣ барқарор шавад.Хонуми афғон мегӯяд, ки имрӯзҳо садҳо тан духтарону занони афғон аз дасти Толибон* ранҷ мекашанд.“Толибон* эъломияе пахш карданд, уламову куҳансолони вулусволиҳоро маҷбур сохтанд листеро тартиб диҳанд, ки дар он духтарон аз 15 сола боло ва хонумҳои беваи камтар аз 45 сол даштаро барои "ҷиҳодулникоҳ" омода кунанд”, - гуфт хонум Фаришта.Ин зани афғон ки имрӯзҳо аз дасти Толибон* ба Тоҷикистон фирор карда аст, дар ин маҳфил қисса кард, ки дар вилояти Бадахшон марде, ки чанд фарзанд дошт, ҷангҷӯёни Толибон* ба хонаи ӯ омада, духтари 15-солаи ӯро ба зурӣ аз хонааш кашида бурданд.Ин хонуми афғон қайд кард, ки занони ин кишварро Толибон* ба хотири "ҷиҳодулникоҳ" ба Покистон мебаранд.Вай зимни суҳбатҳояш ёдрас шуд, ки ӯ барои кишвараш аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 8 медал овардааст. Новобаста аз ин, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ду мартиба ба ҷони ӯ сӯиқасд кардаанд ва ба ҳамин хотир маҷбур шудааст ба Тоҷикистон фирор кунад.Аммо ин зани афғон мегӯяд лозим бошад ба хотири дифоъ аз Ватани худ, ҷони худро қурбон хоҳад кард.Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар хостааст, ба сарнавишти мардуми Афғонистон ба таври ҷиддӣ аҳамият диҳанд ва нагузоранд Афғонистон ба як кишвари террористӣ мубадал шавад.Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210806/vuh-rusiya-tolibon-afghoniston-afzoish-1041449283.html
https://sputnik.tj/20210805/nizomiyoni-afghoniston-tojikiston-firor-1041446666.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041463893_49:0:2780:2048_1920x0_80_0_0_d75c0c507278c06d2f174135d1807794.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тоҷикистон, ваҳшониятҳо, толибон, духтар афғон
афғонистон, тоҷикистон, ваҳшониятҳо, толибон, духтар афғон
Фаришта ба Душанбе гурехту аз ваҳшониятҳо гуфт: таҷовузу марги духтари 15-сола аз Бадахшон
18:30 06.08.2021 (Навсозишуда: 23:24 06.08.2021) Фаришта Ҳусайнӣ варзишкор ва як зане, ки аз дасти Толибон* аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардааст, мегӯяд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ имрӯзҳо мардум ба хусус духтарону занони афғонро ба хоку хун кашидаанд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Фаришта Ҳусайнӣ варзишкор ва як зани афғоне, ки имрӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад ахиран дар як ҳамоише, ки сафорати Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кард, аз ҷомеаӣ ҷаҳонӣ, СММ ва кишварҳои ҳамсоя тақозо кард, ки ба давлати Афғонистон кумак намоянд, то дар ин кишвар сулҳу оромӣ барқарор шавад.
Хонуми афғон мегӯяд, ки имрӯзҳо садҳо тан духтарону занони афғон аз дасти Толибон* ранҷ мекашанд.
“Толибон* эъломияе пахш карданд, уламову куҳансолони вулусволиҳоро маҷбур сохтанд листеро тартиб диҳанд, ки дар он духтарон аз 15 сола боло ва хонумҳои беваи камтар аз 45 сол даштаро барои "ҷиҳодулникоҳ" омода кунанд”, - гуфт хонум Фаришта.
Ин зани афғон ки имрӯзҳо аз дасти Толибон* ба Тоҷикистон фирор карда аст, дар ин маҳфил қисса кард, ки дар вилояти Бадахшон марде, ки чанд фарзанд дошт, ҷангҷӯёни Толибон* ба хонаи ӯ омада, духтари 15-солаи ӯро ба зурӣ аз хонааш кашида бурданд.
“Ин духтари 15-соларо ба "ҷиҳодулникоҳ" мегирад. Таҷовузи гурӯҳи ҳар шаб болои ин духтари 15-сола анҷом медиҳанд. Мо бо ин шахсони касиф сулҳ мехоҳем? Ман сулҳ мекунам? Ӯ бародари ман аст? афғон аст? - на хайр. Марди афғон ҳеҷ гоҳе намегузорад, ки бар сари як духтари афғон таҷовузи гурӯҳӣ сурат бигирад ва ӯро бераҳмона ба қатл бирасонанд”, - зикр кард Фаришта Ҳусайнӣ.
Ин хонуми афғон қайд кард, ки занони ин кишварро Толибон* ба хотири "ҷиҳодулникоҳ" ба Покистон мебаранд.
Вай зимни суҳбатҳояш ёдрас шуд, ки ӯ барои кишвараш аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 8 медал овардааст. Новобаста аз ин, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ду мартиба ба ҷони ӯ сӯиқасд кардаанд ва ба ҳамин хотир маҷбур шудааст ба Тоҷикистон фирор кунад.
Аммо ин зани афғон мегӯяд лозим бошад ба хотири дифоъ аз Ватани худ, ҷони худро қурбон хоҳад кард.
Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар хостааст, ба сарнавишти мардуми Афғонистон ба таври ҷиддӣ аҳамият диҳанд ва нагузоранд Афғонистон ба як кишвари террористӣ мубадал шавад.
“Бояд аз давлати Афғонистон дифоъ кунанд ва сулҳро ба Афғонистон биёранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ болои Толибон* бояд фишор ворид кунанд, Толибон* бояд нигоҳи худро дар бораи ҳуқуқи занон тағйир диҳанд ва барои музокироти сулҳ биёянд. Хости ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ ҳамин аст”, - гуфт варзишкор ва як зани афғоне, ки аз ҷангу нооромиҳо дар кишвараш ба Тоҷикистон куч бастааст.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.