https://sputnik.tj/20210805/tartibi-vurud-donishjuyoni-horiji-ba-rusiy-1041420413.html
Россотрудничество тартиби вуруди донишҷӯёни хориҷиро ба Русия шарҳ дод
Россотрудничество тартиби вуруди донишҷӯёни хориҷиро ба Русия шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Русия барои фаҳмондани тартиби вуруд ба кишвар дар замони ҳамагирӣ, хатти боварӣ роҳандозӣ кард
2021-08-05T13:10+0500
2021-08-05T13:10+0500
2021-08-05T13:12+0500
маориф
таҳсил
россотрудничество
донишҷӯён
таҳсилот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/30/1030703097_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_da27b53d1282ea1a6ea9c09b08fbd6d5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳарчанд ҳамагирии коронавирус идома дорад, соли хониш дар Русия бетағйир - аз 1 сентябр оғоз мешавад. Дар ин бора дар Россотрудничество дар як нишасти матбуотӣ хабар дода шуд. "Додани иҷозаи вуруд ба кишвар салоҳияти мо нест. Аммо мо ҳуқуқи хориҷиёне, ки барои омӯзиш меоянд, ҳимоя мекунем ва аз мақомот хоҳиш менамоем, ки вурудро иҷозат диҳанд", - гуфт роҳбари оҷонсӣ Евгений Примаков. Феълан гурӯҳи шаҳрвандоне метавонанд барои таҳсил ба Русия биёянд, ки тибқи фармони ҳукумати Русия ба кишварашон иҷозаи вуруд дода шудааст ва ин рӯйхат доимо тағйир меёбад. Сухан дар бораи фармони рақами 636 меравад, ки дар замимаи N1 - и он, айни замон 50 давлат номбар шудаанд, ки шаҳрвандони онҳо барои вуруд ба Русия иҷозат доранд, гуфт Евгений Примаков. Аммо, агар кишвар дар ин рӯйхат набошад, имкони ворид шуданро ба таври инфиродӣ баррасӣ кардан мумкин аст. Инчунин, ба гуфти роҳбари Россотрудничество, дар назди Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Русия як марказ бо хатти боварӣ барои донишҷӯён амал мекунад: +7 (495) 198-00-00. Бо истифода аз ин рақам, имкон аст, қоидаҳои вуруд барои кишвари дилхоҳ мушаххас карда шавад.Талаботи тиббӣ барои ҳама яксон боқӣ мемонад: донишҷӯ бояд пеш аз расидан ба Русия на дертар аз 3 рӯзи тақвимӣ аз санҷиши ПСР - и коронавирус гузарад. Санади ташхиси манфӣ бояд бо забонҳои русӣ ё англисӣ навишта шуда бошад. Пас аз расидан ба Русия, донишҷӯ бояд бори дигар аз ташхиси коронавирус гузарад. Агар то расидани донишҷӯ ба макони таҳсилот, соли хониш оғоз шуда бошад, донишҷӯ метавонад дар дарсҳо танҳо онлайн иштирок кунад ва пас аз гирифтани ташхиси коронавирус озими донишгоҳ шавад. Дар мавриди эмгузаронии донишҷӯён ва эътирофи шаҳодатномаҳои хориҷии ваксинзанӣ, Евгений Примаков гуфт: ин масъалаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия баррасӣ мешаванд. "Масъалаҳои эмкунӣ ва эътирофи ваксинаи хориҷӣ ҳоло аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия коркард мешаванд. Яъне мо бояд бифаҳмем, ки бачаҳо бо кадом навъи ваксина эм шудаанд. Масъалаи эътирофи ваксинаҳои Pfizer, AstraZeneca ва дигарон барои убури марзи мо бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҳал карда шавад", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20210804/rusiya-donishjuyon-beshtar-tojikiston-meoyand-1041408798.html
https://sputnik.tj/20210708/rusiya-donishjuyoni-horij-vaksin-1040739807.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/30/1030703097_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0b89ee52bf3701e4d64fcb5ba3f8ff76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тартиби вуруд, донишҷӯёни хориҷӣ, русия, россотрубничство
тартиби вуруд, донишҷӯёни хориҷӣ, русия, россотрубничство
Россотрудничество тартиби вуруди донишҷӯёни хориҷиро ба Русия шарҳ дод
13:10 05.08.2021 (Навсозишуда: 13:12 05.08.2021) Вазорати маориф ва илми Русия барои фаҳмондани тартиби вуруд ба кишвар дар замони ҳамагирӣ, хатти боварӣ роҳандозӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳарчанд ҳамагирии коронавирус идома дорад, соли хониш дар Русия бетағйир - аз 1 сентябр оғоз мешавад.
Дар ин бора дар Россотрудничество дар як нишасти матбуотӣ хабар дода шуд.
"Додани иҷозаи вуруд ба кишвар салоҳияти мо нест. Аммо мо ҳуқуқи хориҷиёне, ки барои омӯзиш меоянд, ҳимоя мекунем ва аз мақомот хоҳиш менамоем, ки вурудро иҷозат диҳанд", - гуфт роҳбари оҷонсӣ Евгений Примаков.
Феълан гурӯҳи шаҳрвандоне метавонанд барои таҳсил ба Русия биёянд, ки тибқи фармони ҳукумати Русия ба кишварашон иҷозаи вуруд дода шудааст ва ин рӯйхат доимо тағйир меёбад.
Сухан дар бораи фармони рақами 636 меравад, ки дар замимаи N1 - и он, айни замон 50 давлат номбар шудаанд, ки шаҳрвандони онҳо барои вуруд ба Русия иҷозат доранд, гуфт Евгений Примаков.
Аммо, агар кишвар дар ин рӯйхат набошад, имкони ворид шуданро ба таври инфиродӣ баррасӣ кардан мумкин аст.
"Дар аксари маворид масъалаҳои воридшавӣ аз ҷониби донишгоҳ назорат карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар навбати худ аз Вазорати маориф ва илм иҷозати дохилшавӣ дархост кунанд", - гуфт Евгений Примаков.
Инчунин, ба гуфти роҳбари Россотрудничество, дар назди Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Русия як марказ бо хатти боварӣ барои донишҷӯён амал мекунад: +7 (495) 198-00-00. Бо истифода аз ин рақам, имкон аст, қоидаҳои вуруд барои кишвари дилхоҳ мушаххас карда шавад.
Талаботи тиббӣ барои ҳама яксон боқӣ мемонад: донишҷӯ бояд пеш аз расидан ба Русия на дертар аз 3 рӯзи тақвимӣ аз санҷиши ПСР - и коронавирус гузарад. Санади ташхиси манфӣ бояд бо забонҳои русӣ ё англисӣ навишта шуда бошад.
Пас аз расидан ба Русия, донишҷӯ бояд бори дигар аз ташхиси коронавирус гузарад. Агар то расидани донишҷӯ ба макони таҳсилот, соли хониш оғоз шуда бошад, донишҷӯ метавонад дар дарсҳо танҳо онлайн иштирок кунад ва пас аз гирифтани ташхиси коронавирус озими донишгоҳ шавад.
Дар мавриди эмгузаронии донишҷӯён ва эътирофи шаҳодатномаҳои хориҷии ваксинзанӣ, Евгений Примаков гуфт: ин масъалаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия баррасӣ мешаванд.
"Масъалаҳои эмкунӣ ва эътирофи ваксинаи хориҷӣ ҳоло аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия коркард мешаванд. Яъне мо бояд бифаҳмем, ки бачаҳо бо кадом навъи ваксина эм шудаанд. Масъалаи эътирофи ваксинаҳои Pfizer, AstraZeneca ва дигарон барои убури марзи мо бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҳал карда шавад", - гуфт ӯ.