https://sputnik.tj/20210708/rusiya-donishjuyoni-horij-vaksin-1040739807.html
Ихтиёрӣ: дар Русия ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ ба зиммаи донишгоҳҳо вогузор шуд
Ихтиёрӣ: дар Русия ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ ба зиммаи донишгоҳҳо вогузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Русия ба донишгоҳҳо тавсия дод, ки ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ алайҳи COVID-19 - ро худ ба таври ихтиёрӣ ташкил кунанд
2021-07-08T11:00+0500
2021-07-08T11:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
донишҷӯён
эмгузаронӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_0:173:3031:1877_1920x0_80_0_0_183f85c0ab80c5cc663ec931901659de.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия аз ҳамаи донишгоҳҳо даъват кард, ки раванди эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ бар зидди коронавирусро ба зиммаи худ гиранд, хабар медиҳад форуми ҷавонон "Территория смыслов". Ба гуфти муовини вазири маориф Петр Кучеренко, ки дар форум суханронӣ кард, ба донишгоҳҳои Русия тавсия дода мешавад, ки донишҷӯёни хориҷиро эм кунанд. Ҳамзамон, роҳбари Вазорати маориф ва илм Валерий Фалков қаблан изҳор дошта буд, ки то ҳол дар бораи роҳ надодани донишҷӯёни эмнашуда ба таҳсили рӯзона ягон қарор қабул нашудааст. Донишгоҳҳо ҳуқуқ доранд мустақилона роҳ додан ё надодани донишҷӯёни эмнашударо ба дарсҳо ҳал кунанд, чун эмкунии донишҷӯён ихтиёрӣ аст. Фалков инчунин даъват кард, ки ҳуқуқи донишҷӯёни эмнашуда поймол нашавад ва барояшон "шароити хуби таҳсил" дар донишгоҳҳо фароҳам оварда шавад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илм тавсия додааст, ки кормандон то 25 августи соли 2021 дар минтақаҳое, ки эмгузаронии ҳатмӣ аст, ваксин гиранд. Пештар хабар дода шуд, ки Русия барои эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ алайҳи коронавирус омода шудааст.Ташкили маркази калони ваксинзании муҳоҷирон дар МаскавВазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко гуфт, ки партияи якуми дору бар зидди сирояти нави коронавирус омода аст, то ҳамаи донишҷӯёни Русия эм карда шаванд.
https://sputnik.tj/20210705/maqomot-rusiya-vaksina-donishjuyon-horiji-1040651957.html
https://sputnik.tj/20210708/vazorat-tojikiston-vaksin-1040739457.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_b1d0af4c21b92606ee4fce58f98a146b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмгузаронӣ, донишҷӯёни хориҷӣ
эмгузаронӣ, донишҷӯёни хориҷӣ
Ихтиёрӣ: дар Русия ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ ба зиммаи донишгоҳҳо вогузор шуд
11:00 08.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Вазорати маориф ва илми Русия ба донишгоҳҳо тавсия дод, ки ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ алайҳи COVID-19 - ро ба таври ихтиёрӣ ташкил кунанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия аз ҳамаи донишгоҳҳо даъват кард, ки раванди эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ бар зидди коронавирусро ба зиммаи худ гиранд, хабар медиҳад форуми ҷавонон "Территория смыслов".
Ба гуфти муовини вазири маориф Петр Кучеренко, ки дар форум суханронӣ кард, ба донишгоҳҳои Русия тавсия дода мешавад, ки донишҷӯёни хориҷиро эм кунанд.
"Ҳамчунин, масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои хориҷии эмгузаронӣ низ баррасӣ мешавад", - гуфт Кучеренко.
Ҳамзамон, роҳбари Вазорати маориф ва илм Валерий Фалков қаблан изҳор дошта буд, ки то ҳол дар бораи роҳ надодани донишҷӯёни эмнашуда ба таҳсили рӯзона ягон қарор қабул нашудааст.
Донишгоҳҳо ҳуқуқ доранд мустақилона роҳ додан ё надодани донишҷӯёни эмнашударо ба дарсҳо ҳал кунанд, чун эмкунии донишҷӯён ихтиёрӣ аст.
Фалков инчунин даъват кард, ки ҳуқуқи донишҷӯёни эмнашуда поймол нашавад ва барояшон "шароити хуби таҳсил" дар донишгоҳҳо фароҳам оварда шавад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илм тавсия додааст, ки кормандон то 25 августи соли 2021 дар минтақаҳое, ки эмгузаронии ҳатмӣ аст, ваксин гиранд.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия барои эмгузаронии донишҷӯёни хориҷӣ алайҳи коронавирус омода шудааст.
Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко гуфт, ки партияи якуми дору бар зидди сирояти нави коронавирус омода аст, то ҳамаи донишҷӯёни Русия эм карда шаванд.