https://sputnik.tj/20210805/rusia-shumora-muhojiron-ghayriqonuni-idm-1041445958.html
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ИДМ -ро эълон кард
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ИДМ -ро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои узви ИДМ, ки дар Русия ҷойгиранд, барои ин ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд
2021-08-05T19:16+0500
2021-08-05T19:16+0500
2021-08-10T14:40+0500
муҳоҷират
ғайриқонунӣ
теъдод
идм
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_0:0:1241:698_1920x0_80_0_0_1215917a7e4478fed84b615cd0a875d7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Феълан беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ дар Русия қарор доранд, хабар медиҳад, "ВКД Медиа".Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Александр Горовой дар доираи мулоқоти онлайн бо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина изҳор дошт. Тавре хабар дода шуд, аз моҳи июни соли равон президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия замони ҳамагирии COVID-19 имзо кард. Ҳамин тариқ, то 30 сентябри соли 2021, хориҷиён аз қаламрави кишвар депорт карда намешаванд, ба истиснои қонуншиканӣ.Собянин афзоиши таваррум дар Русияро ба камбуди муҳоҷирон рабт додТибқи талабот, шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2020 ба Русия омадаанд ва то 16 июни соли 2021 барои будубош дар ин кишвар ягон асос надоранд, метавонанд то охири моҳи сентябр ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирро баррасӣ мекунанд ва дар сурати посухи мусбат, муҳоҷир метавонад бидуни убури марз дар Русия бимонад.
https://sputnik.tj/20210801/qoidahoi-nav-az-1-avgust-dar-rusiya-baroi-muhojiron-chi-taghyir-meyobad-1041337936.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/85/1024908546_154:0:1085:698_1920x0_80_0_0_4abb05d95068d273fda53c0464f60708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, русия, идм,
ВКД Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ИДМ -ро эълон кард
19:16 05.08.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ, ки дар Русия қарор доранд, барои будубош ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Феълан беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ дар Русия қарор доранд, хабар медиҳад, "ВКД Медиа".
Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Александр Горовой дар доираи мулоқоти онлайн бо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина изҳор дошт.
"Имрӯз беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои узви ИДМ дар "соя" ҳастанд", - гуфт ӯ.
Тавре хабар дода шуд, аз моҳи июни соли равон президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия замони ҳамагирии COVID-19 имзо кард.
Ҳамин тариқ, то 30 сентябри соли 2021, хориҷиён аз қаламрави кишвар депорт карда намешаванд, ба истиснои қонуншиканӣ.
Тибқи талабот, шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2020 ба Русия омадаанд ва то 16 июни соли 2021 барои будубош дар ин кишвар ягон асос надоранд, метавонанд то охири моҳи сентябр ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирро баррасӣ мекунанд ва дар сурати посухи мусбат, муҳоҷир метавонад бидуни убури марз дар Русия бимонад.