Лукашенко аз барои муҳоҷирон марзҳои Белорусро баст

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Вазъияти муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз раҳбари Белорус қарори қатъӣ талаб мекунад
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко фармон дод то марзҳои давлат баст ашавад. Чунин тасмимро кишвардор зимни нишаст бо раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти давлатӣ изҳор дошт.

"Аз имрӯз ба қаламрави Белорус на аз ғарб ва на аз шарқ ягон кас бояд қадам назанад. ", - таъкид кард Лукашенко.

Президент мегӯяд барои он, ки аҳолии кишвар худро бехатар эҳсос кунанд, "ҳар метри сарҳад" бояд баста шавад.
"Беҳуда мо ба нерӯҳои сарҳадӣ, ба сохторҳои қудратии худ маблағгузорӣ накардаем. Мардуми мо бояд худро ором эҳсос кунанд, онҳо бояд бидонанд, ҳастанд мардоне, ки онҳоро муҳофизат мекунанд", - гуфт кишвардор.
Послание президента россии владимира путина федеральному собранию - live - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
Ҳамзамон Лукашенко амали марзбонони Литваро маҳкум кард. Ба гуфти ӯ, онҳо "одамонро мекушанд ва нимҷон карда ба қаламрави Белорус мепартоянд".
Президент бовар дорад, ки бад шудани вазъи муҳоҷират дар сарҳади кишварро Ғарб таҳрик дод. Вай таъкид кард, ки ин як роҳи нави фишор ба мақомот аст.
"Яке аз таҳдидҳо ин аст, ки гӯё муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои расмӣ ҷамъ мешаванд ва онҳоро бо таҳдиди силоҳ ба қаламрави Белорус интиқол медиҳанд", - гуфт Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Литва аз боздошти шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз бо Белорус эълон дошт. Ҳамин тавр, 2 июл мақомоти кишвар марбут ба ин қазия, вазъияти фавқулодда эълон карданд.
Аз аввали соли 2021 дар марзи ду кишвар беш аз чор ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.
Лукашенко қайд кард, ки Белорус роҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо маҳдуд намекунад - бинобар таҳримҳои Ғарб, Минск "барои ин на пул дораду на қувват".
Лентаи хабарҳо
0