https://sputnik.tj/20210421/putin-tazohurot-belorus-suiqasd-lukashenko-1038889782.html
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Путин, ҳамлагарон ният доштанд, Минскро муҳосира карда, нахуст шаҳрро бебарқ гузоранд
2021-04-21T17:00+0500
2021-04-21T17:00+0500
2021-06-10T13:43+0500
владимир путин
александр лукашенко
сӯиқасд
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038873144_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_6532a5e749646779e48dffbc2563c61f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Кишвардори Русия, Владимир Путин зимни паёми худ ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи табадуллоти тарҳрезишуда дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко изҳори назар кард.Ба таъкиди ӯ, ҳамлагарон нақша доштанд, Минскро муҳосира карда, нахуст шаҳрро аз системаи барқ канда, иртиботро маҳдуд намоянд.Ба гуфтаи сарвари давлат, паём дар бораи табаддулоти тарҳрезишуда дар Белорус аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ нодида гирифта шудааст. "Хусусияти он аст, ки ҳатто чунин амалҳои ошкоро маҳкумияти ба истилоҳ дастҷамъонаи Ғарбро пайдо намекунанд. Ҳеҷ кас инро пай намебарад. Ҳама вонамуд мекунанд, ки чизе нашуда истодааст", - гуфт Путин. Ба қавли ӯ, фишори таҳримҳо ва дигар чораҳои андешидаи дигар кишварҳо ба як чизи хатарноктар табдил ёфта истодаанд. Аммо, Федератсияи Русия, ба гуфтаи президент, роҳи ҳимояи мавқеи худро меёбад. "Русия манфиатҳое дорад, ки онро пайваста ҳифз мекунад", - гуфт сарвари давлат. Ба гуфтаи президенти Федератсияи Русия, вазифаи марказии мақомот таъмини сулҳ ва амният барои некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар мебошад. Вай таъкид кард, ки чунин амалҳоро метавон ҳамчун омодагӣ ба ҳамлаи азими интернетӣ тафсир кард.
https://sputnik.tj/20210421/siposguzori-vladimir-putin-az-pizishkon-1038877501.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038873144_282:0:1242:720_1920x0_80_0_0_7a359495a36c87f1ec5ab88f8644ab94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, белорус, табадуллот, сӯиқасд, лукашенко
владимир путин, белорус, табадуллот, сӯиқасд, лукашенко
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
17:00 21.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Владимир Путин дар бораи нақшаи тарҳрезишудаи табадуллот дар Белорус гуфт
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Кишвардори Русия, Владимир Путин зимни паёми худ ба Маҷлиси федеролӣ дар бораи табадуллоти тарҳрезишуда дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко изҳори назар кард.
Ба таъкиди ӯ, ҳамлагарон нақша доштанд, Минскро муҳосира карда, нахуст шаҳрро аз системаи барқ канда, иртиботро маҳдуд намоянд.
"Шумо метавонед нисбати сиёсати Президенти Белорус Александр Лукашенко ҳар гуна нуқтаи назар дошта бошед, аммо амалияи ташкили табаддулоти давлатӣ, нақшаҳои кушторҳои сиёсӣ, аз ҷумла мақомоти баландпоя, аз ҳад зиёд аст. Ҳама марзҳо аллакай убур карда шуданд", - шарҳ дод Путин.
Ба гуфтаи сарвари давлат, паём дар бораи табаддулоти тарҳрезишуда дар Белорус аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ нодида гирифта шудааст.
"Хусусияти он аст, ки ҳатто чунин амалҳои ошкоро маҳкумияти ба истилоҳ дастҷамъонаи Ғарбро пайдо намекунанд. Ҳеҷ кас инро пай намебарад. Ҳама вонамуд мекунанд, ки чизе нашуда истодааст", - гуфт Путин.
Ба қавли ӯ, фишори таҳримҳо ва дигар чораҳои андешидаи дигар кишварҳо ба як чизи хатарноктар табдил ёфта истодаанд. Аммо, Федератсияи Русия, ба гуфтаи президент, роҳи ҳимояи мавқеи худро меёбад.
"Русия манфиатҳое дорад, ки онро пайваста ҳифз мекунад", - гуфт сарвари давлат.
Ба гуфтаи президенти Федератсияи Русия, вазифаи марказии мақомот таъмини сулҳ ва амният барои некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар мебошад. Вай таъкид кард, ки чунин амалҳоро метавон ҳамчун омодагӣ ба ҳамлаи азими интернетӣ тафсир кард.