https://sputnik.tj/20210804/vazir-shinosnoma-tabarov-halim-1041399277.html
Вазир: шиносномае ба номи Табаров Руслан дода нашудааст
Вазир: шиносномае ба номи Табаров Руслан дода нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шиносномаеро ба номи шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович надодааст
2021-08-04T15:10+0500
2021-08-04T15:10+0500
2021-08-04T15:17+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
радди хабарҳо
шиноснома
инфиҷор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/29/1022992960_0:0:2500:1407_1920x0_80_0_0_b1043aa76e2d1ce8fba327d95b3d2154.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ба суол дар мавриди он, ки гӯиё яке аз муттаҳамон дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия шиносномаи тоҷикӣ бо номи Табаров Руслан Ҳалимовичро доштааст, посух дод.Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чунин шахс бо чунин шиноснома дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст .Ӯ афзуд, аз тарафи мақомоти Чех ҳам ягон дархост оиди ин ҳодиса ворид нашудааст.Қаблан мақомоти Чех, Маскавро ба даст доштан дар таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар Врбетитса дар соли 2014 айбдор карданд, ки мақомоти Русия онро бепоя хонданд. .Ба иддаои Чехия, Александр Петров ва Руслан Боширов, ки аллакай номашон дар парвандаи Скрипалҳо расонаӣ шуда буд, дар таркиши анбори силоҳ даст доштаанд.Гуфта мешуд, ки онҳо санадҳои кишварҳои Молдова ва Тоҷикистонро доштаанд, аммо мақомоти тоҷик додани шиносномаро рад кард.Дар пайи ин иддао баҳс миёни Чехия ва Русия сар зад, ки берун кардани дипломатҳои тарафайнро дар пай дошт.Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова вазъро "мразматикӣ" номида буд.
https://sputnik.tj/20210424/chehiya-munosib-rusiyaro-vayron-1039016378.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/29/1022992960_251:0:2474:1667_1920x0_80_0_0_e190dceecab2de5d9e76dd96c9043472.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон раҳимзода, вазири умури дохилӣ, чех
рамазон раҳимзода, вазири умури дохилӣ, чех
Вазир: шиносномае ба номи Табаров Руслан дода нашудааст
15:10 04.08.2021 (Навсозишуда: 15:17 04.08.2021) Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар шиносномае ба номи шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович дода нашудааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ба суол дар мавриди он, ки гӯиё яке аз муттаҳамон дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия шиносномаи тоҷикӣ бо номи Табаров Руслан Ҳалимовичро доштааст, посух дод.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чунин шахс бо чунин шиноснома дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст .Ӯ афзуд, аз тарафи мақомоти Чех ҳам ягон дархост оиди ин ҳодиса ворид нашудааст.
Қаблан мақомоти Чех, Маскавро ба даст доштан дар таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар Врбетитса дар соли 2014 айбдор карданд, ки мақомоти Русия онро бепоя хонданд. .
Ба иддаои Чехия, Александр Петров ва Руслан Боширов, ки аллакай номашон дар парвандаи Скрипалҳо расонаӣ шуда буд, дар таркиши анбори силоҳ даст доштаанд.
Гуфта мешуд, ки онҳо санадҳои кишварҳои Молдова ва Тоҷикистонро доштаанд, аммо мақомоти тоҷик додани шиносномаро рад кард.
Дар пайи ин иддао баҳс миёни Чехия ва Русия сар зад, ки берун кардани дипломатҳои тарафайнро дар пай дошт.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова вазъро "мразматикӣ" номида буд.