https://sputnik.tj/20210804/rahmon-ishqobod-gulchanbar-foteha-1041407999.html
Раҳмон дар Ишқобод гулчанбар гузошту ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хонд
Раҳмон дар Ишқобод гулчанбар гузошту ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари давлатиаш ба Туркманистон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошт
2021-08-04T19:40+0500
2021-08-04T19:40+0500
2021-08-04T19:40+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
гузоштани гулчанбар
раисҷумҳур
гулчанбаргузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041408769_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_30587e88153f41ef93b7ca9b5f506534.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатиш ба Туркманистон, дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошт ва ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хонд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҳамин ҷо раисҷумҳури Тоҷикистон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба кард.Қайд шудааст, ки баъд аз маросими гулчанбаргузорӣ роҳбари Тоҷикистон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” рафт.Қайд карда шудааст, ки баъд аз шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона раисҷумҳури Тоҷикистон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузошт.Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки ҳадаф аз сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ин расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.Таъкид шудааст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имконияти зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст.Гуфта шудааст, ки дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот қарор аст боз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20210804/rahmon-musofirkashoni-turkmaniston-miyon-1041404572.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041408769_23:0:2748:2044_1920x0_80_0_0_a7c740e4ff9ed5cbd82a4a7fba2ff713.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, эмомалӣ раҳмон, гулчанбаргузорӣ, фотеҳа, ишқобод
тоҷикистон, туркманистон, эмомалӣ раҳмон, гулчанбаргузорӣ, фотеҳа, ишқобод
Раҳмон дар Ишқобод гулчанбар гузошту ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хонд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари давлатиаш ба Туркманистон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатиш ба Туркманистон, дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошт ва ба арвоҳи гузаштагон фотеҳа хонд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҳамин ҷо раисҷумҳури Тоҷикистон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба кард.
“Эмомалӣ Раҳмон, дар майдони Маҷмааи “Ёдгории миллӣ”-и шаҳри Ашқобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ишқобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “гулхани абадӣ” гулчанбар гузошт”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд шудааст, ки баъд аз маросими гулчанбаргузорӣ роҳбари Тоҷикистон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” рафт.
Қайд карда шудааст, ки баъд аз шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона раисҷумҳури Тоҷикистон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузошт.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки ҳадаф аз сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ин расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имконияти зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.
Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Гуфта шудааст, ки дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот қарор аст боз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.