https://sputnik.tj/20210804/rahmon-musofirkashoni-turkmaniston-miyon-1041404572.html
Созиш: Туркманистон роҳи мошину қаторҳои самти Тоҷикистонро мекушояд?
Созиш: Туркманистон роҳи мошину қаторҳои самти Тоҷикистонро мекушояд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлу нақли бор ва мусофирон аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст
2021-08-04T17:38+0500
2021-08-04T17:38+0500
2021-08-04T18:08+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
нақлиёт
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041403739_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_d7278e7418905f1f4389bcc8df554476.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар ҳоле, ки Туркманистон солҳои охир мошину қаторҳои борбари Тоҷикистонро роҳ намедиҳад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ишқобод ин масъаларо ба миён гузоштааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Бердимуҳаммадов зикр шудааст, ки бору мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳану мошингарди қаламрави Туркманистон ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. "Дар мулоқот таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути қаламрави Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии “Туркманбошӣ” ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд", - омадааст дар иттилоия.Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар қатори 19 санаде, ки баъди музокироти сатҳи олӣ имзо гардиданд, ду созишномаи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон мебошанд. Инчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999 имзо шуд. Имзои ин санадҳо дар ҳолест, ки Туркманистон аз соли 2019 ба далоили номаълум борҳои самти Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедод. Мақомоти туркман далели ин иқдомро ба масоили амниятӣ рабт медоданд, аммо ҷузъиётро ироа намекарданд.
https://sputnik.tj/20210804/muloqot-rahmon-berdimuhammadov-imzo-shudand-ruyhat-1041403455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041403739_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_5a77beb79e821027243d3f05f78e92c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, туркманистон, тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, туркманистон, тоҷикистон
Созиш: Туркманистон роҳи мошину қаторҳои самти Тоҷикистонро мекушояд?
17:38 04.08.2021 (Навсозишуда: 18:08 04.08.2021) Ҳамлу нақли бор ва мусофирон аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар ҳоле, ки Туркманистон солҳои охир мошину қаторҳои борбари Тоҷикистонро роҳ намедиҳад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ишқобод ин масъаларо ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Бердимуҳаммадов зикр шудааст, ки бору мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳану мошингарди қаламрави Туркманистон ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.
"Дар мулоқот таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути қаламрави Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии “Туркманбошӣ” ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар қатори 19 санаде, ки баъди музокироти сатҳи олӣ имзо гардиданд, ду созишномаи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон мебошанд.
Инчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999 имзо шуд.
Имзои ин санадҳо дар ҳолест, ки Туркманистон аз соли 2019 ба далоили номаълум борҳои самти Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедод. Мақомоти туркман далели ин иқдомро ба масоили амниятӣ рабт медоданд, аммо ҷузъиётро ироа намекарданд.