Раҳимзода: мақомоти Тоҷикистон 39 ҷангҷӯро ба Ватан баргардонд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон шумори нафароне, ки дар амалиётҳои ҷангие, ки дар хориҷ аз кишвар иштирок доштанд ва ба Ватан баргардонида шуданд эълон кард
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Генерал Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки аз ҷониби вазорат 39 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷ аз кишвар иштирок доштанд ихтиёран ба Ватан баргардониданд.
Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки дар натиҷаи баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то инҷониб ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои терроритию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусалаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шудаанд.
Инчунин, зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохила қайд кард, ки аз ҷумла миёни онҳо 8 оила дар ҳайати 27 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, Бохтар, Ҳисор ноҳияи Рӯдакиву Рашт мебошанд ихиёран ба Ватан баргардонида шуданд.
Ҷаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Ҳушдорҳои Файзов дар ҷаласаи амниятӣ: агар ҷангҷӯён марзро шикананд? – акс
Ҳамзамон вазир қайд кард, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 38 ҷинояти вобаста ба савдои одамон ба ҳисоб гирифта шудааст.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки аз ин шумор 34 ҷиноят аз ҷониби мақомоти корҳои дохила ошкор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0