Ҳушдорҳои Файзов дар ҷаласаи амниятӣ: агар ҷангҷӯён марзро шикананд? – акс

© котиботи ҳукумати ВМКБҶаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон
Ҷаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 аз вазъ дар Афғонистон ҳушдор дода, тавзеҳ дод, ки дар сурати убури ҷангҷӯён ва фирориён дар марз чӣ бояд кард
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1, Ёдгор Файзов бо мақомдорони кишвар вазъи минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ кард.
Файзов дар хитоб бо мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ гуфт, вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем.
Ӯ таъкид намуд, ки “дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем”.
Котиботи раиси ВМКБ бо такя ба маълумоти расмӣ афзудааст, ки айни ҳол вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурӯҳҳои тундрав аксари минтақаҳои сарҳадиро таҳти тасарруф қарор дода, ба инфрасохтори кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷониро ворид намуданд.
Дар чунин шароит Ёдгор Файзов тақвият додани захираи моддиву техникӣ ва инсониро дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ВМКБ вазифаи муҳими кори аъзои минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 ном бурд.
© котиботи ҳукумати ВМКБҶаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон
Ҷаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Ҷаласаи аъзои Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 таҳти раёсати Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар робита ба вазъи Афғонистон
Ӯ зарур хондааст, ки ҷойҳои амн муайян ва мушаххас карда шаванду дар он захираи маводи сӯзишвориву хӯрок ва либосвориву нақлиёти зарурӣ фароҳам оварда шавад, чун ин дар ҳолатҳои эҳтимолии қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз муҳим мебошад.
Раиси ВМКБ аз ҳамоҳангсозии нақшаи амал бо аҳолӣ ва кумаку дастгирии сарҳадбонон гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкории сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ бо сарҳадбонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва ин амалро тақвият бояд дод.
Ҳамчунин, роҳбари вилоят гузарондани машқҳои муштаракро муҳим хонда, бо ишора ба сарҳади тӯлонии ВМКБ бо Афғонистон таъкид намудааст, ки пурзӯр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани аъзои он зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0