https://sputnik.tj/20210804/junbishi-allohu-akbar-tahor-tojikiston-1041390012.html
Ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" ба Тахор – вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон расид
Ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" ба Тахор – вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон расид
Sputnik Тоҷикистон
Шаби гузашта ҳазорон нафар сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи “Толибон” қарор дорад, бо нидоҳои “Аллоҳу Акбар” ба кӯчаҳо рехтанд
2021-08-04T10:25+0500
2021-08-04T10:25+0500
2021-08-04T10:30+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
ҷунбиши "толибон"
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040645104_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_91e588e160103ab86f3c688e91e5225a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Бо илҳом аз ҷунбиши такбир дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.Дар ин бора Атоуллоҳ Убайдӣ, рӯзноманигори тахорӣ, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ӯ афзуд, ки дар фасли дувуми муқовамат низ Толиқон нахустин шаҳрест, ки мардуми муқовими он бештар аз ду моҳ мешавад дар баробари ҳуҷумҳои паиҳам ва сангини душман шуҷоъона ва сарсахтона муқовамат мекунанд. “Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд. Ҷангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд. Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд. Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.
https://sputnik.tj/20210803/hamla-hona-general-bismillohhon-vaziri-afghoniston-video-1041388336.html
https://sputnik.tj/20210803/junbish-alloh-akbar-farohon-ismoilhon-mardum-hirot-1041373551.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040645104_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d659827ccc0462f90c7d219e374140fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҷунбиш, тахор, ҳаммарз
афғонистон, ҷунбиш, тахор, ҳаммарз
Ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" ба Тахор – вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон расид
10:25 04.08.2021 (Навсозишуда: 10:30 04.08.2021) Шаби гузашта ҳазорон нафар сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи "Толибон"* қарор дорад, бо нидоҳои "Аллоҳу Акбар" ба кӯчаҳо рехтанд
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Бо илҳом аз ҷунбиши такбир дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.
Дар ин бора Атоуллоҳ Убайдӣ, рӯзноманигори тахорӣ, ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
“Онҳо бо ин ҳаракати таърихӣ дар воқеъ ба душман фаҳмонданд, ки мардуми Тахор ҳамонгуна, ки дар гузашта ба зулму зӯр ва таҷовуз таслим нашуданд, нахустин ҳастаи муқовамати миллиро дар сатҳи кишвар ташкил дода ва ба маркази муқовамати миллӣ табдил шуданд”, - гуфт Атоуллоҳ Убайдӣ.
Ӯ афзуд, ки дар фасли дувуми муқовамат низ Толиқон нахустин шаҳрест, ки мардуми муқовими он бештар аз ду моҳ мешавад дар баробари ҳуҷумҳои паиҳам ва сангини душман шуҷоъона ва сарсахтона муқовамат мекунанд.
“Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд.
Ҷангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд.
Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд.
Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.