https://sputnik.tj/20210803/hamla-hona-general-bismillohhon-vaziri-afghoniston-video-1041388336.html
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум манзили вазирро ҳадафи ҳамла қарор додаанд
2021-08-03T21:45+0500
2021-08-03T21:45+0500
2021-08-03T21:47+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041388025_0:116:1281:836_1920x0_80_0_0_47abcefe3a2de3b7af215362422d6499.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.Бар асоси иттилои расмӣ, назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд. Шахсияташон феълан маълум нест. Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни номаълум идома дорад. То ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст. Дар зимн инчунин аз таркиш дар назди гузаргоҳи назоратии пеши сафорати Эрон дар Афғонистон хабар дода мешавад. Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд. Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро* иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт. Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон* дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041388025_0:0:1281:961_1920x0_80_0_0_2c4269d5e60a06cacf0b445b7abadb0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, дифоъ, бисмиллоҳхон, ҳамла
вазир, дифоъ, бисмиллоҳхон, ҳамла
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
21:45 03.08.2021 (Навсозишуда: 21:47 03.08.2021) Дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум манзили вазирро ҳадафи ҳамла қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.Бар асоси иттилои расмӣ, назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд. Шахсияташон феълан маълум нест.
Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни номаълум идома дорад. То ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.
Дар зимн инчунин аз таркиш дар назди гузаргоҳи назоратии пеши сафорати Эрон дар Афғонистон хабар дода мешавад.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд.
Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро* иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт.
Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон* дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар