Барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар Ашқобод

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на совещании
Эмомали Рахмон на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Интизор меравад дар пайи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 3 август вориди пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашқобод гардид.
Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Ашқобод намояндагони воломақоми Туркманистон истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ, рӯзи 4 август, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркмани худ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб сари мизи мулоқоту музокирот менишинанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон бо 5 вазиру 4 раис ба Туркманистон сафар кард
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯ миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани якчанд санади нави ҳамкорӣ дар назар аст.
"Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад", - таъкид мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки сафари кишвардори Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркманистон ба хотири иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 август дар баргузор мешавад, сурат гирифт.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои туркманаш зимни як сӯҳбати телефонӣ, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд, ба Туркманистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар 5 вазиру 5 раис ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0