Эмомалӣ Раҳмон бо 5 вазиру 4 раис ба Туркманистон сафар кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, Қоҳир Расулзода, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, сафари кишвардори Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркманистон ба хотири иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Қоҳир Расулзода, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти падари Бердимуҳаммадов: номаи тасаллият ирсол кард
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири умури хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ҳамроҳи намуданд.
Илова бар ин, раисони Кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи кор бо занон, кор бо ҷавоно ва сайёҳӣ низ ҳамроҳи роҳбари Давлат ба Туркманистон сафар карданд.
"Сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ намуданд", - таъкид мешавад дар хабари котиботи Президент.
Ёдовар мешавем, зимни суҳбати ахири телефонии президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ба муносибати зодрӯзи Бердимуҳаммадов, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд, ӯ Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ даъват кард ва таклифаш пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0