Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пул дод: хонаводаҳои камбизоат кумаки молӣ мегиранд

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевМногодетная семья в Душанбе
Многодетная семья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, ба ҳар хонаводаи камбархӯрдор дар ҷумҳурӣ 500 сомонӣ пардохт мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 21 миллион доллар барои кумак ба камбизоатон дар ҷумҳурӣ ҷудо кардааст.

“Бар асоси омор 165 ҳазор хонаводаи камбизоат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки ниёзманди ҳимояти молӣ ҳастанд”, - афзуд вазири молия.

Вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ин маблағ ба хонаводаҳои фақире, ки кӯдаки зери 7 сол доранд ё аз маълӯли зери 18 сол нигаҳдорӣ мекунанд, пардохт хоҳад шуд.
Рустам Эмомали председатель города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2020
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат имзо шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода дар идома зикр кард, ки ин маблағ ба занони сарпарасти хонавода, ки фарзанди зери 16 сол доранд, низ пардохт мешавад.
Ин дувумин бор пас аз хуруҷи корона дар Тоҷикистон аст, ки бо кумаки ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба хонаводаҳои камбизоат кумаки молӣ расонда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0