Вазорат: 5 рӯзи охир ягон кас аз COVID-19 нафавтид, 384 нафар гирифторанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыборы президента в Таджикистане
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки тайи панҷ рӯзи охир ягон ҳолати марг аз ин беморӣ сабт нагардидааст
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 74 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 83 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт нашуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 121 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон тайи панҷ рӯзи охир – аз 30 июл то 3 август фавт аз COVID-19 ҷой надоштааст.
Фарангис Сафарова, корманди марҳуми Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Фавти стюардесаи 30-солаи “Сомон Эйр”: талаби ҷубронпулӣ барои таъмини ду духтарчааш
Дар маҷмуъ шумораи гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷаш дар ҷумҳурӣ то шоми 3 август 15 ҳазору 293 нафар арзёбӣ шудааст, ки аз ин 14 ҳазору 788 нафар шифо ёфтаанд. Бар асоси ин омор, феълан дар ҳудуди Тоҷикистон 384 нафар гирифтори коронавирусанд.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон омори расмиро зери шубҳа гузошта, бо ишора ба воқеиятҳо изҳор медоранд, ки гирифторону фавтидаҳо аз COVID-19 бештар аз шумораи эълонкардаи мақомот мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус эмгирӣ барои афроди 18-сола боло ҳатмӣ эълон гардид. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ иттилоъ дод, ки худро бо ваксина аз коронвирус эмин кардаасту аз шаҳрвандон даъват намуд, ки бемориро ҷиддӣ қабул намоянду ваксина гиранд.
Лентаи хабарҳо
0