https://sputnik.tj/20210803/ulduz-usmonova-turkmaniston-hunarnamoi-1041368950.html
Юлдуз Усмонова дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунад
Юлдуз Усмонова дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар минтақаи сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон консерт баргузор мекунад
2021-08-03T13:00+0500
2021-08-03T13:00+0500
2021-08-03T13:03+0500
туркманистон
консерт
юлдуз усмонова
ҳунарнамоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103039/08/1030390826_0:83:1001:646_1920x0_80_0_0_dc720ecdbdfb27a21c8882a8e89226a1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар доираи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон, ҳунарнамоӣ мекунад, хабар медиҳад Orient. Ёдрас мешавем, ки 6 август дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза консерти устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ инчунин фарҳангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард, аммо то ҳол исми ҳунармандон аз дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон, эълон нашудааст. Консерти дарпешистодаи Юлдуз Усмонова ва дигар ҳунармандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар осоишгоҳи "Аваза" рухдоди муҳими фарҳангӣ хоҳад буд.Ба репертуари овозхон беш аз 600 суруд бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, тоҷикӣ, форсӣ ва ғайра дохил мешавад.Юлдуз ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон аст. Сӯҳбати ошкорои Юлдуз: фирор аз Ватан, пешхизматӣ ва "хуни тоҷикӣ"-ю духтархондӣ бо ШабнамЁдовар мешавем, ки "Аваза" минтақаи сайёҳии миллӣ буда, дар соҳили баҳри Каспий, дар шаҳри Туркманбошӣ ҷой дорад. "Аваза" - як маҷмааи сайёҳии муосир бо меҳмонхонаҳо аз мармари сафед ва марказҳои фароғатӣ, коттеджҳо барои истироҳати оилавӣ, пансионатҳо ва осоишгоҳҳо барои кӯдакон ва калонсолон мебошад.
https://sputnik.tj/20210611/ulduz-usmonova-dushanbero-ba-po-hezond-video-1040150023.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103039/08/1030390826_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_de6a386a1ab1f6dd6f4b6ec114954f8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
консерт, юлдуз усмонова, туркманистон
консерт, юлдуз усмонова, туркманистон
Юлдуз Усмонова дар Туркманистон ҳунарнамоӣ мекунад
13:00 03.08.2021 (Навсозишуда: 13:03 03.08.2021) Примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар минтақаи сайёҳии "Аваза" - и Туркманистон консерт баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар доираи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон, ҳунарнамоӣ мекунад, хабар медиҳад
Orient.
Ёдрас мешавем, ки 6 август дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза консерти устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ инчунин фарҳангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард, аммо то ҳол исми ҳунармандон аз дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон, эълон нашудааст.
Консерти дарпешистодаи Юлдуз Усмонова ва дигар ҳунармандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар осоишгоҳи "Аваза" рухдоди муҳими фарҳангӣ хоҳад буд.
Ба репертуари овозхон беш аз 600 суруд бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, тоҷикӣ, форсӣ ва ғайра дохил мешавад.
Юлдуз ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон аст.
Ёдовар мешавем, ки "Аваза" минтақаи сайёҳии миллӣ буда, дар соҳили баҳри Каспий, дар шаҳри Туркманбошӣ ҷой дорад.
"Аваза" - як маҷмааи сайёҳии муосир бо меҳмонхонаҳо аз мармари сафед ва марказҳои фароғатӣ, коттеджҳо барои истироҳати оилавӣ, пансионатҳо ва осоишгоҳҳо барои кӯдакон ва калонсолон мебошад.