https://sputnik.tj/20210803/rais-vmkb-sohibkoronu-kishovarzon-viloyat-andoz-1041374758.html
Раиси ВМКБ гуфт, соҳибкорону кишоварзони вилоят чанд пул андоз супоридаанд
Раиси ВМКБ гуфт, соҳибкорону кишоварзони вилоят чанд пул андоз супоридаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, ба рӯзноманигорон дар бораи дастовардҳои вилоят тайи шашмоҳаи аввали соли равон гузориш дод
2021-08-03T15:15+0500
2021-08-03T15:15+0500
2021-08-03T15:15+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
саноат
вмкб
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373751_0:191:961:731_1920x0_80_0_0_4a73e1f3f1ac9ecae30edac39770419e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ зимни суҳбат дар мавриди вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2021 беш аз 3600 соҳибкори инфиродӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифтаанд.Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 3 миллиону 303,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.Дар мавриди андозбандии бахши кишоварзӣ зикр шудааст, ки аз ҳисоби 954 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблази 113,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.Файзов гузориш додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи шашмоҳа 103,9 миллон сомониро ташкил додаст, ки дар қиёс бо соли гузашта 48,1 миллион сомонӣ ё 86,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 55 адад гуфта шуд.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130,4 миллион сомонӣ ташкил додаст, ки нисбати соли гузашта ҳамагӣ 0,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб маҳсулоти чорводорӣ 128,6 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210728/fayzov-litseyi-oqohon-iqdom-omuzishi-zabon-1041239228.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373751_0:101:961:821_1920x0_80_0_0_e497f5804eb8eead728a6a55cbd58efa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, пул, дастовард, шашмоҳа, рӯзноманигорон
тоҷикистон, вмкб, пул, дастовард, шашмоҳа, рӯзноманигорон
Раиси ВМКБ гуфт, соҳибкорону кишоварзони вилоят чанд пул андоз супоридаанд
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, ба рӯзноманигорон дар бораи дастовардҳои вилоят тайи шашмоҳаи аввали соли равон гузориш дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ зимни суҳбат дар мавриди вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2021 беш аз 3600 соҳибкори инфиродӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифтаанд.
“Аз ҷумла аз ҷониби Раёсати андози вилоят 2 ҳазору 453 нафар соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1162 нафар бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардиданд”, - навиштааст нашрияи ҳукумати маҳаллӣ, “Оинаи зиндагӣ” аз қавли Файзов.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 3 миллиону 303,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Дар мавриди андозбандии бахши кишоварзӣ зикр шудааст, ки аз ҳисоби 954 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблази 113,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Файзов гузориш додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи шашмоҳа 103,9 миллон сомониро ташкил додаст, ки дар қиёс бо соли гузашта 48,1 миллион сомонӣ ё 86,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 55 адад гуфта шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130,4 миллион сомонӣ ташкил додаст, ки нисбати соли гузашта ҳамагӣ 0,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб маҳсулоти чорводорӣ 128,6 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.