https://sputnik.tj/20210803/kobulov-tolibon-osiyoi-miyona-terroriston-himoyat-1041381090.html
Кобулов: Толибон* кишварҳои Осиёи Миёнаро аз террористон ҳимоят мекунанд
Кобулов: Толибон* кишварҳои Осиёи Миёнаро аз террористон ҳимоят мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов гурӯҳи Толибон*-ро ҳимоятгари вилоятҳои шимол хондааст
2021-08-03T18:00+0500
2021-08-03T18:00+0500
2021-08-03T18:00+0500
афғонистон
толибон
замир кобулов
осиёи марказӣ
ҳимоят
террористон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033066600_0:0:2908:1637_1920x0_80_0_0_94585debcbdfcf73412978a76959e850.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ахиран гуфтааст, ки ҳузури Толибон* дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳамчун муҳофизат аз паҳншавии гурӯҳҳои дигари террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.Сухангӯи вазорати умури хориҷа қайд кард, ки ташкилотҳои террористӣ муддати тӯлонӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур доранд ва Толибон* бо онҳо даргиранду меҷанганд.Дипломати рус қайд кард, ки Толибон* дар ояндаи наздик ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид нахоҳанд кард ва ҳамчунин хотиррасон шуд, ки далелҳои убури марзҳои Афғонистон вуҷуд надорад.Ба гуфтаи Кобулов, гурӯҳи Толибон дар сухан ва амал нишон медиҳад, ки онҳо танҳо бо мушкилоти дохилии Афғонистон сарукор дорад.Ёдовар мешавем, ки бо қарори Суди Олии Русия аз 14 феврали соли 2003 гурӯҳи Толибон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия мамнӯъ аст.Бино бар гузоришҳои мақомоти минтақавӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон, инчунин сокинони маҳаллӣ, Толибон* ба ҳамлаҳои террористӣ даст мезананд ва ҳадафашон тахриби иншоотҳои давлатӣ аст. Онҳо ба иншоотҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба мисли мактабҳо ҳамла мекунанд.Дар вулусволиҳои зери назораташон ҷангҷӯён маҷбуранд бо духтарони бешавҳари аз 15-сола боло ва инчунин бо бевазанон издивоҷ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳодисаҳои қочоқи занон ба кишварҳои дигар хабар медиҳанд.Мақомоти Афғонистон хабар медиҳанд, ки Толибон* аллакай чанд нафар тарҷумонҳое, ки бо Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд, ба қатл расонданд. Ҳамчунин ҳолатҳои латукӯби фарзандони сарбозони афғон ва ҳамла ба халабонҳои артиши ҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд.Як қатор кишварҳо ин ҳафта гузориш дар бораи Толибонро, ки ҷиноятҳои низомӣ даст доранд, ба хусус дар қатли омми мардуми осоишта дар вилояти Қандаҳорро нашр карданд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210803/tolibon-radiovu-televizion--hilmand-nazdik-suqut-1041378778.html
https://sputnik.tj/20210803/idomai-jang-dar-hirot-poksozi-tolib-kushta-1041373858.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033066600_133:0:2862:2047_1920x0_80_0_0_38fec131c72907e46fa84967af63aea3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, замир кобулов, тоибон, осиёи миёна, ҳимоят
афғонистон, русия, замир кобулов, тоибон, осиёи миёна, ҳимоят
Кобулов: Толибон* кишварҳои Осиёи Миёнаро аз террористон ҳимоят мекунанд
Замир Кобулов гурӯҳи Толибон*-ро ҳимоятгари вилоятҳои шимол хондааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ахиран гуфтааст, ки ҳузури Толибон* дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳамчун муҳофизат аз паҳншавии гурӯҳҳои дигари террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
“"Худи ҳузури Толибон* дар ин минтақаҳо афзоиши таҳдидҳои террористони байналмилалӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро бозмедорад", - гуфт Кабулов дар мизи мудаввар дар бораи “Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ: кӣ ба таъсиси давлати қавӣ кумак мекунад?".
Сухангӯи вазорати умури хориҷа қайд кард, ки ташкилотҳои террористӣ муддати тӯлонӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур доранд ва Толибон* бо онҳо даргиранду меҷанганд.
Дипломати рус қайд кард, ки Толибон* дар ояндаи наздик ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид нахоҳанд кард ва ҳамчунин хотиррасон шуд, ки далелҳои убури марзҳои Афғонистон вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи Кобулов, гурӯҳи Толибон дар сухан ва амал нишон медиҳад, ки онҳо танҳо бо мушкилоти дохилии Афғонистон сарукор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Суди Олии Русия аз 14 феврали соли 2003 гурӯҳи Толибон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия мамнӯъ аст.
Бино бар гузоришҳои мақомоти минтақавӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон, инчунин сокинони маҳаллӣ, Толибон* ба ҳамлаҳои террористӣ даст мезананд ва ҳадафашон тахриби иншоотҳои давлатӣ аст. Онҳо ба иншоотҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба мисли мактабҳо ҳамла мекунанд.
Дар вулусволиҳои зери назораташон ҷангҷӯён маҷбуранд бо духтарони бешавҳари аз 15-сола боло ва инчунин бо бевазанон издивоҷ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳодисаҳои қочоқи занон ба кишварҳои дигар хабар медиҳанд.
Мақомоти Афғонистон хабар медиҳанд, ки Толибон* аллакай чанд нафар тарҷумонҳое, ки бо Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд, ба қатл расонданд. Ҳамчунин ҳолатҳои латукӯби фарзандони сарбозони афғон ва ҳамла ба халабонҳои артиши ҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Як қатор кишварҳо ин ҳафта гузориш дар бораи Толибонро, ки ҷиноятҳои низомӣ даст доранд, ба хусус дар қатли омми мардуми осоишта дар вилояти Қандаҳорро нашр карданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.