Гурӯҳи Толибон* ба радиову телевизион дастрасӣ пайдо карданд: Ҳилманд наздик ба суқут аст

© Пресс-центр 209 корпуса "Шахин"Талибы
Талибы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни Толибон* маркази радио ва телевизион дар Ҳилмандро тасарруф карданд
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* ахиран бинои телевизион ва маркази радиоӣ дар шаҳри Лашкаргоҳи маркази вилояти Ҳилманди Афғонистонро таҳти контроли худ гирифтанд.
Шабакаи хабариии Tolonews хабар додааст, ки фаъолияти тамоми расонаҳои маҳаллӣ дар вилояти Ҳилманд қатъ шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки кормандони шабакаи телевизион ва маркази радио ду рӯз пеш ин биноро тарк карда буданд.
Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳҳои июл, Толибон* минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо панҷ кишвар Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин ва Покистонро таҳти контроли худ гирифт.
Генерал Волӣ Муҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи ҷадиди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон гуфтааст, авлавияти артиш ҳифозат аз шаҳрҳои аслии ин кишвар, гузаргоҳҳои марзӣ ва ҷоддаҳои муқобили Толибон аст.
Ба гуфтаи вай, раҳбарони Толибон* дар ибтидо талош доранд, то ҷоддаҳои аслӣ, ки масири таъмини колоҳост қатъ кунанд ва баъд ба самти ҷоддаҳо ва бахшҳо ҳамла кунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0