https://sputnik.tj/20210803/jazo-parvandai-sardori-sizo-i-istaravshan--1041381829.html
Барои кам кардани ҷазо 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст: парвандаи сардори СИЗО-и Истаравшан
Барои кам кардани ҷазо 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст: парвандаи сардори СИЗО-и Истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ парвандаи Акрамзода Фирдавс Акрам сардори муассисаи тафтишоти ё СИЗО и ЯТ 9/5 дар шаҳри Истаравшанро шарҳ дод
2021-08-03T18:30+0500
2021-08-03T18:30+0500
2021-08-03T18:30+0500
дар тоҷикистон
парванда
ҷазо
суғд
сизо
истаравшан
сардор
коррупсия
ришва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/83/1030578304_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7dc8c15e6074d221b11ca36bac4ac2fd.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Ожонси мубориза бо фасод гуфт, Фирдавс Акрамзода дар вазифаи сардори муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан кор карда аз мақоми вазифавии худ суйистифода намудааст.Бино ба иттилоъи манбаъ, Акрмазода барои як солу шаш моҳ кам кардани ҳиссаи адои ҷазои шаҳрванд “Д”, дар чанд ҳолат маблағ талаб карда гирифтааст.“Маҳкумшуда бар асоси ҳукми додгоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, вале Акрамзода барои кам кардани аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо ва аз Муассисаи тафтишотӣ ба Калонияи ислоҳии сукунат интиқол додан, аз моҳи августи соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 дар якчанд ҳолат аз бародари маҳкумшуда маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва ҳазор доллари амрикоиро талаб карда аз худ намудааст”, - иттилоъ дода шуд дар Идораи зидди фасод.Дар мақомоти умури мубориза бо фасод дар Суғд гуфтанд, ки бар асоси ин ҳолот моҳи феврали соли ҷорӣ нисбати Акрамзода Ф. А. бо моддаи 314 қисми 1 (суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.Шуморе аз ин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони идораҳои давлатӣ содир шуда ва ба иттилоъи маъмурони мубориза бо коррупсия кормандони ҳукумат, идораҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳама бештар дар ин омор рақам зада мешаванд.Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10,5 миллион сомонӣ зарар расонидашуда ошкор гардидааст.
https://sputnik.tj/20210803/sharaf-avazzoda-sughd-nihod-korrupsiya-1041372359.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/83/1030578304_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_ecd7a0b736432768fb25535b47e924fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ, ҷазо, ришва, сардори сизо, истаравшан
тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ, ҷазо, ришва, сардори сизо, истаравшан
Барои кам кардани ҷазо 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст: парвандаи сардори СИЗО-и Истаравшан
Сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ парвандаи Акрамзода Фирдавс Акрам сардори муассисаи тафтишоти ё СИЗО и ЯТ 9/5 дар шаҳри Истаравшанро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Ожонси мубориза бо фасод гуфт, Фирдавс Акрамзода дар вазифаи сардори муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан кор карда аз мақоми вазифавии худ суйистифода намудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ, Акрмазода барои як солу шаш моҳ кам кардани ҳиссаи адои ҷазои шаҳрванд “Д”, дар чанд ҳолат маблағ талаб карда гирифтааст.
“Маҳкумшуда бар асоси ҳукми додгоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, вале Акрамзода барои кам кардани аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо ва аз Муассисаи тафтишотӣ ба Калонияи ислоҳии сукунат интиқол додан, аз моҳи августи соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 дар якчанд ҳолат аз бародари маҳкумшуда маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва ҳазор доллари амрикоиро талаб карда аз худ намудааст”, - иттилоъ дода шуд дар Идораи зидди фасод.
Дар мақомоти умури мубориза бо фасод дар Суғд гуфтанд, ки бар асоси ин ҳолот моҳи феврали соли ҷорӣ нисбати Акрамзода Ф. А. бо моддаи 314 қисми 1 (суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.
Шуморе аз ин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони идораҳои давлатӣ содир шуда ва ба иттилоъи маъмурони мубориза бо коррупсия кормандони ҳукумат, идораҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳама бештар дар ин омор рақам зада мешаванд.
Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10,5 миллион сомонӣ зарар расонидашуда ошкор гардидааст.