https://sputnik.tj/20210803/sharaf-avazzoda-sughd-nihod-korrupsiya-1041372359.html
Шараф Аваззода гуфт, дар Суғд кормандони кадом ниҳод даст ба коррупсия задаанд
Шараф Аваззода гуфт, дар Суғд кормандони кадом ниҳод даст ба коррупсия задаанд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ, омори сабти содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мисоли кормандони идораҳои давлатиро шарҳ доданд
2021-08-03T14:15+0500
2021-08-03T14:15+0500
2021-08-03T14:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
хуҷанд
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041372209_0:0:2892:1628_1920x0_80_0_0_42f902dbfeab2e41a3c46247624d4a6e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мизони бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии Суғд бештар шудааст.Шараф Аваззода, сардори Ожонсӣ дар Суғд иброз намуд, ки дар ин давра содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ҳукумат, идораҳои тандурустӣ ва маориф бештар рақам зада мешавад.Ба гуфтаи вай, инчунин ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони Кумитаи андоз – 4 ҷиноят, Кумитаи идораи замин – 32 ҷиноят, Кумитаи ҳифзи муҳити зист – 3 ҷиноят, соҳаи маориф – 37 ҷиноят, Барқи тоҷик – 6 ҷиноят, соҳаи кишоварзӣ – 2, Бонкҳо – 36 ҷиноят, соҳибкорон ва шаҳрвандон – 115 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.Сардори Ожонси мубориза бо фасод ҳамчунин қайд намуд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 104 (ҳамин давраи соли 2020 – 34) ҷиноят, Истаравшан 31 (2020 – 17) ҷиноят, Мастчоҳ 21 (2020 – 12) ҷиноят, Деваштич 19 (2020 – 7) ҷиноят, Кӯҳистони Мастчоҳ 4 (2020 – 0) ҷиноят, Гулистон 3 (2020 – 0) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10, 5 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210309/Khatlon-peshgirii-corrupsion-tandurusti-1032973097.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041372209_423:0:2727:1728_1920x0_80_0_0_329877596359caa0632ff76568ce832c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷиистон, коррупсия, суғд, ҷиноят, мубориза бо коррупсия, шараф аваззода
тоҷиистон, коррупсия, суғд, ҷиноят, мубориза бо коррупсия, шараф аваззода
Шараф Аваззода гуфт, дар Суғд кормандони кадом ниҳод даст ба коррупсия задаанд
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ, омори сабти содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мисоли кормандони идораҳои давлатиро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мизони бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии Суғд бештар шудааст.
Шараф Аваззода, сардори Ожонсӣ дар Суғд иброз намуд, ки дар ин давра содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ҳукумат, идораҳои тандурустӣ ва маориф бештар рақам зада мешавад.
“Ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Барои мислол 20 корманди кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 25 ҷинояти коррупсионӣ содир карданд. Ҳамчунин 7 корманди соҳаи тандурустӣ 12 ҷиноят, ду корманди Вазорати адлия 2 ҷиноят, се корманди Вазорати мудофия – 2 ҷиноят нисбати содир кардааст”, - гуфт Авазов.
Ба гуфтаи вай, инчунин ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони Кумитаи андоз – 4 ҷиноят, Кумитаи идораи замин – 32 ҷиноят, Кумитаи ҳифзи муҳити зист – 3 ҷиноят, соҳаи маориф – 37 ҷиноят, Барқи тоҷик – 6 ҷиноят, соҳаи кишоварзӣ – 2, Бонкҳо – 36 ҷиноят, соҳибкорон ва шаҳрвандон – 115 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Сардори Ожонси мубориза бо фасод ҳамчунин қайд намуд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 104 (ҳамин давраи соли 2020 – 34) ҷиноят, Истаравшан 31 (2020 – 17) ҷиноят, Мастчоҳ 21 (2020 – 12) ҷиноят, Деваштич 19 (2020 – 7) ҷиноят, Кӯҳистони Мастчоҳ 4 (2020 – 0) ҷиноят, Гулистон 3 (2020 – 0) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.
Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10, 5 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.