https://sputnik.tj/20210419/anduhgin-hamdardi-berdimuhamedov-rahmon-1038789839.html
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти падари Бердимуҳаммадов: номаи тасаллият ирсол кард
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти падари Бердимуҳаммадов: номаи тасаллият ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои туркманаш Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ҳамдардӣ баён кард
2021-04-19T17:45+0500
2021-04-19T17:45+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491776_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_251a2a1e4a7a77cc5c78b5cf7b20a209.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Туркманистон дар робита ба фавти падараш номаи тасаллият ирсол кардааст.Дар номаи тасаллияти президент, ки онро дафтари матбуотияш нашр кардааст, омадааст: "Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич, хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо - Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид".Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед, омадааст дар номаи президенти Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.Ёдовар мешавем, Мяликгулӣ Бердимуҳаммедови калонӣ рӯзи 18 феврал дар синни 89-солагӣ ҷаҳонро тарк кард.Мяликгули Бердимуҳамедов "ҳаёти худро ба халқу ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро намоиш дод" , - навиштааст манбаъ.Падари президенти Туркманистон 12 августи соли 1932 таваллуд шуда, ибтидои фаъолияти меҳнатии ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз ёфтааст.Аз соли 1958 то 1982 Мяликгулӣ Бердимуҳаммедов дар Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, бо рутбаи подполковник ба нафақа мебарояд ва ба омӯзгорӣ идома дод. Бердимуҳаммедови калонӣ 7 маротиба бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла нишони "Барои хизмати шоиста дар сафҳои дохилӣ" сарфароз шудааст.
https://sputnik.tj/20210419/padar-prezident-turkmaniston-darguzasht-1038573168.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491776_96:0:2817:2041_1920x0_80_0_0_bdffd8a22d09c6b338abdd50fcc85493.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, гурбангулӣ бердимуҳаммедов, барқия, ҳамдардӣ
эмомалӣ раҳмон, гурбангулӣ бердимуҳаммедов, барқия, ҳамдардӣ
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти падари Бердимуҳаммадов: номаи тасаллият ирсол кард
17:45 19.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои туркманаш Гурбонгули Бердимуҳамедов ҳамдардӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Туркманистон дар робита ба фавти падараш номаи тасаллият ирсол кардааст.
Дар номаи тасаллияти президент, ки онро дафтари матбуотияш нашр кардааст, омадааст: "Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич, хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо - Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид".
Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед, омадааст дар номаи президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.
Ёдовар мешавем, Мяликгулӣ Бердимуҳаммедови калонӣ рӯзи 18 феврал дар синни 89-солагӣ ҷаҳонро тарк кард.
Мяликгули Бердимуҳамедов "ҳаёти худро ба халқу ватани худ бахшида, намунаи шикастнопазири ватандӯстӣ ва инсондӯстиро намоиш дод" , - навиштааст манбаъ.
Падари президенти Туркманистон 12 августи соли 1932 таваллуд шуда, ибтидои фаъолияти меҳнатии ӯ ба ҳайси китобдор ва баъдтар ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз ёфтааст.
Аз соли 1958 то 1982 Мяликгулӣ Бердимуҳаммедов дар Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, бо рутбаи подполковник ба нафақа мебарояд ва ба омӯзгорӣ идома дод.
Бердимуҳаммедови калонӣ 7 маротиба бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла нишони "Барои хизмати шоиста дар сафҳои дохилӣ" сарфароз шудааст.