Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эмомалӣ Раҳмон: "Ман ваксина гирифтам, шумо ҳам гиред"

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Маълум гардид, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам бо яке аз ваксинҳои дастрас дар ҷумҳурӣ ваксин гирифт, изҳор дошт сухангӯи ӯ, Абдуфаттоҳ Шарифзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Шарифзода ба суоли он, ки кай ва бо кадом намуд роҳбари давлат ваксин гирифт, посухи мушаххас надод.
Танҳо зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахири худ ба вилояти Суғд, аснои мулоқот бо роҳбарону фаъолони ин вилоят аз ваксин гирифтани худ хабар дода дигаронро низ ба эмгузаронӣ тарғиб кард.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбари давлат аз мардум даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз касалии COVID -19 ва нигоҳдории саломатӣ аз сирояти штамҳои нави он ҳатман ваксина гиранд.
Вакцинация от COVID-19 в торговом центре в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазорат
Президент аз ҷумла гуфтааст: "ман шахсан ваксина гирифтам. Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред”.
То ваксина гирифтани Президенти Тоҷикистон дар кишвар се навъи ваксина – “AstraZeneca” – и шведӣ – британӣ, “CoronaVac” – и чинӣ ва “Moderna” – и амрикоӣ вуҷуд доштанд.
Қаблан котиботи Президенти Ӯзбекистон аз ваксина гирифтани Шавкат Мирзиёев хабар дода, аммо аз навъи он ном набурда, фақат гуфта буд, ки президент ҳамчун шаҳрванди масъулиятшинос ваксина гирифтааст.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт
Владимир Путин, Президенти Русия бо "Спутник V" – русӣ ва кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов аз "Sinopharm" – и чинӣ худро эм карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0