https://sputnik.tj/20210802/shavkat-mirziyoev-koronavirus-vaksin-1041351666.html
Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт
Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Котиботи Президенти Ӯзбекистон дақиқан нагуфт, ки Шавкат Мирзиёев бо кадом ваксин эмгузаронӣ шуд
2021-08-02T13:56+0500
2021-08-02T13:56+0500
2021-08-02T13:56+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
шавкат мирзиёев
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_1828998eb14d5139b2b220c1dbadb3df.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ҳамаи даврҳои ваксингириро сипарӣ намуд, изҳор дошт сухангӯи ӯ Шерзод Асадов ба Sputnik.Аз Асадов пурсида шуд, ки Президент ваксин гирифтааст ё на ва агар гирифта бошад, бо кадом навъ эмгузаронӣ шудааст.Сухангӯи раисиҷумҳур дар посух ҷавоб дод, ки "президент ҳамчун шаҳрванди масъулиятнок, албатта ваксин гирифтааст".Ӯ гуфт, замоне, ки Мирзиёев ваксин гирифт, дар Ӯзбекистон се навъ ваксин: ZF-UZ-VAC2001 - ӯзбекӣ - чинӣ, "Спутник V" - и Русия ва AstraZeneca - и бритонӣ - шведӣ дар гардиш буданд.Ёдовар мешавем, ки кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов низ чанде пеш ваксин гирифт ва лаҳзаи эмгузаронии ӯ расонаӣ шуд.Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест.Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.
https://sputnik.tj/20210723/sodir-jabborov-koronavirus-vaksin-video-1041116382.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_629b1a2547a447f267bc7240fa8cf5ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев ваксин
Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт
Котиботи Президенти Ӯзбекистон дақиқан нагуфт, ки Шавкат Мирзиёев бо кадом ваксин эмгузаронӣ шуд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ҳамаи даврҳои ваксингириро сипарӣ намуд, изҳор дошт сухангӯи ӯ Шерзод Асадов ба Sputnik.
Аз Асадов пурсида шуд, ки Президент ваксин гирифтааст ё на ва агар гирифта бошад, бо кадом навъ эмгузаронӣ шудааст.
Сухангӯи раисиҷумҳур дар посух ҷавоб дод, ки "президент ҳамчун шаҳрванди масъулиятнок, албатта ваксин гирифтааст".
Ӯ гуфт, замоне, ки Мирзиёев ваксин гирифт, дар Ӯзбекистон се навъ ваксин: ZF-UZ-VAC2001 - ӯзбекӣ - чинӣ, "Спутник V" - и Русия ва AstraZeneca - и бритонӣ - шведӣ дар гардиш буданд.
"Президент бо яке аз ин се ваксин пурра давраи ваксингузарониро паси сар кард", - таъкид намуд Асадов.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов низ чанде пеш ваксин гирифт ва лаҳзаи эмгузаронии ӯ расонаӣ шуд.
Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.
Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест.
Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.