Завқизода: дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз 16,6 млрд сомонӣ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири иқтисоди ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки рушди ММД аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли саноатӣ 23,4 дарсад (9,2 дарсад дар ҳамин давраи соли гузашта), бахши кишоварзӣ 8,1 дарсад (8,2 дарсад) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 22,1 дарсад таъмин карда шуд.
Вай гуфт, ки дар нимаи аввали соли 2021 дар соҳаи саноат 78 корхона ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 963 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

“Дар натиҷаи чораҳои андешида истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми умумӣ аз 16,6 миллиард сомонӣ гузашт, ки 23,4 дарсад зиёдтар аз нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ва нишондиҳандаи баландтарин дар 5 соли охир аст ", - гуфт вазир.

Инчунин Завқизода, таъкид дошт, ки сатҳи таваррум дар давраи январ-июни соли ҷорӣ 3,9 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Истеҳсоли нерӯи барқ ​​10 068,9 млн кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 1,7 дарсад камтар аст.
Завқизода зикр кард, ки далели нисбатан кам истеҳсол шудани нерӯи барқ ​​дар нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон – 11 дарсад кам шудани хароҷоти оби рӯдхонаи Вахш дар моҳҳои январ-марти соли равон мебошад.
Ҳамзамон вазир зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и номиналии Тоҷикистон ба 39,9 млрд сомонӣ расида, афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар 5 сол буда, аз ҳисоби соҳаи саноат ба даст омадааст.
Лентаи хабарҳо
0